Душанбе дар 10-гонаи шаҳрҳои сайёҳии ИДМ дар фасли тирамоҳ

Date:

Агентии таҳлилии Русия “Турстат” рейтинги навбатии шаҳрҳои беҳтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро барои сайру саёҳат дар фасли тирамоҳ таҳия намуд.

Феҳристи шаҳрҳои ИДМ бо назардошти натиҷаҳои таҳлили серталабӣ ва писанд будани сафарҳои сайёҳӣ дар тирамоҳи соли 2018 тартиб дода шудааст.

Дар рейтинги шаҳрҳои саёҳии ИДМ дар фасли тирамоҳ Минск, Остона ва Боку пешсаф мебошанд.

Даҳгонаи шаҳрҳои сайёҳии ИДМ дар фасли тирамоҳ аз Минск дар Беларус, Остона дар Қазоқистон, Боку дар Озарбойҷон, Ереван дар Арманиситон, Тошканд дар Ӯзбекистон, Алмаато дар Қазоқистон, Бишкек дар Қирғизистон, Кишинёв дар Молдова, Душанбе дар Тоҷикистон ва Ашқобод дар Туркманистон иборат аст.

Тибқи маълумоти “ТурСтат”, фасли тирамоҳ сайёҳон ба шаҳрҳо ва кишварҳои ИДМ ба ҳисоби миёна ба муддати 3 рӯз меоянд.

Сайёҳони русиягӣ дар сафарҳо ба шаҳру давлатҳои ИДМ барои иқомату ғизо дар як шабонарӯз аз 30 то 80 доллар маблағ масраф мекунанд.

Барои арзонтар афтодани сафар Қирғизистон ва Ӯзбекистон ва барои сафарҳо дар рӯзҳои истироҳат ва харид шаҳрҳои Остона ва Боку интихоб мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...