Бунёди Муҷассамаи модар ва маҷмааи “Меҳри модар” дар Душанбе кашол меёбад

Бунёди Маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” бо Муҷассамаи модар дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт кашол меёбад, ҳарчанд сохтмони он ҳанӯз 21 июни соли 2016 оғоз гардида буд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт. Бино ба гуфтаи манбаъ, моҳи июни соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи кӯдакон бо номи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бунёди Маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” бо Муҷассамаи модар дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт кашол меёбад, ҳарчанд сохтмони он ҳанӯз 21 июни соли 2016 оғоз гардида буд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Бино ба гуфтаи манбаъ, моҳи июни соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” барои 1200 ҷой бо Муҷассамаи модар майдони васеъеро интихоб намуд ва барои сохтмони он оғоз бахшид. Сипас мақомоти шаҳрдорӣ дар ин робита байни меъморону муҷассамасозони ватаниву хориҷӣ якчанд озмун гузаронид.

“Айни замон комиссияи озмун се лоиҳаро дақиқан мавриди омӯзиш қарор дода, ояндаи наздик лоиҳаи беҳтарин интихоб ва сохтмони иншоот шурӯъ мешавад”, – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дар саҳифаи “Меъмории Душанбе” дар Facebook  лоиҳаи маҷмааи “Меҳри модар” пешниҳод шудааст, ки аз ҷониби КВД “Пажуҳишгоҳи сохтмон ва меъморӣ” таҳия шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио