Байни Душанбе ва Чиндаои Чин муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор мешавад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ бо ҳайати шаҳри  Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси  шаҳр ҷаноби Менг Фанли, ки бо сафари корӣ ба пойтахти  кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозӣ намудани хамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ бо ҳайати шаҳри  Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси  шаҳр ҷаноби Менг Фанли, ки бо сафари корӣ ба пойтахти  кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозӣ намудани хамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба мавзӯъоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маводи хӯрока, технология, сайёҳӣ, маориф ва чалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе  аҳамияти ҷиддӣ доданд.

Зикр мегардад, ки Чиндао яке аз шаҳрҳои калонтарини Чин буда, бо аҳолии тақрибан 10 миллион нафар маркази калони тиҷоративу иқтисодӣ, таърихию фарҳангӣ, сайёҳиву баҳрнавардӣ, "пойтахти синамо ва олимпиада", маркази илмию тадқиқотии баҳрӣ дар соҳаи инноватсионӣ ба шумор меравад.

Чиндао бо зиёда аз 700 бандарҳои ҷаҳонӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, бо 70 шаҳри ҷаҳон дар формати бародаршаҳрӣ муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро ба роҳ мондааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чиндаои  Ҷумҳурии Мардумии Чин ақд гардид.

Қобили зикр аст, ки айни замон Душанбе бо шаҳрҳои Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА),  Ройтлинген (Олмон), Мазори Шариф (Афғонистон), Теҳрон (Эрон), Шероз (Эрон), Санкт-Петербург (Россия), Минск (Беларус), Урумчӣ (Чин), Анқара (Туркия) ва Сямэн (Чин) муносибатҳои бародаршаҳрӣ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.