Боздошти паҳнкунандагони героин дар Душанбе

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳудуди 1 кило героинро дар Душанбе мусодира намуданд. Ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ду нафар боздошт шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, як гурӯҳи гумонбар ба фурӯши маводи нашъаовар муддати дароз дар коркарди Агентӣ қарор доштанд, ки интиқоли онро аз ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҳудуди 1 кило героинро дар Душанбе мусодира намуданд. Ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ду нафар боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, як гурӯҳи гумонбар ба фурӯши маводи нашъаовар муддати дароз дар коркарди Агентӣ қарор доштанд, ки интиқоли онро аз ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба шаҳри Душанбе  ва ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монда буданд.

“Ҳафтаи сипаригардида ҳангоми амалӣ намудани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди маҳалаи 102-юми шаҳри Душанбе сокинон Саъдиҷон Сурхов ва Рустамҷон Мирзоев бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дастгир гардиданд”, – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршудагон як селофан, ки дар дохилаш як баста маводи зардчатоби буйи махсусдошта мавҷуд буд дарёфт ва гирифта шуд. Ташхис муайян кард, ки ин маводи героин ва вазнаш ҳудуди 1 килоро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур бо моддаи 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи ин гурӯҳ, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио