Идомаи баррасии даъвои адвокат нисбати Вазоратҳои молия ва адлия

Дар суди ноҳияи Шоҳмансур мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев нисбати Вазоратҳои молия ва адлия бобати зиддиконститусионӣ эътироф кардани амалҳои онҳо идома ёфт. Муовини аввали вазири адлия Абдуманнон Холиқзода, муовини вазир Мирсаидзода Ҳаким Саид ва маъмури махсуси бонки муфлис эълоншудаи “Тоҷпромбонк” Тақдир Шарипов барои бозпурсӣ ба мурофиа даъват шуданд. Масъалаи асосии баррасишуда […]

Asia-Plus

Дар суди ноҳияи Шоҳмансур мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев нисбати Вазоратҳои молия ва адлия бобати зиддиконститусионӣ эътироф кардани амалҳои онҳо идома ёфт.

Муовини аввали вазири адлия Абдуманнон Холиқзода, муовини вазир Мирсаидзода Ҳаким Саид ва маъмури махсуси бонки муфлис эълоншудаи “Тоҷпромбонк” Тақдир Шарипов барои бозпурсӣ ба мурофиа даъват шуданд.

Масъалаи асосии баррасишуда амалҳои Вазоратҳои молия ва адлия оид ба манъи фурӯши иншооти “Тоҷпромбонк” буд, ки Ҷӯраев зиддиконститутсионӣ эътироф намудани онҳоро аз суд дархост кард.

Ёдрас мекунем, ки “Тоҷпромбонк” ба хотири дастрас намудани кумаки молиявӣ аз ҳукумат, охири соли 2016 ба сифати гарави вазъи бонк 113 иншооти ғайриманқулашро ба ихтиёри Вазорати молия гузошт. Лекин кумак гирифта натавонист: моҳи феврали соли 2017 Бонки миллӣ бозхонди иҷозатномаи бонк ва барҳамдиҳии маҷбурии онро эълон кард, ки аллакай якуним сол аст давом мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати молия амволи гарави аз рӯи ҳуҷҷат расмишудаи “Тоҷпромбонк”-ро барнагардонид; гузашта аз ин, ба Вазорати адлия мактуби расмӣ фиристод, ки дубора бақайдгирӣ ва фурӯши амволи бонкро манъ мекунад. Асос барои ин амал қарзи “Тоҷпромбонк” назди Вазорати молия дониста шуд. Вазорат ба бонк 100 млн. сомонӣ қарз дода, вақте ки он баргардонида нашуд, Вазорати молия “чора андешида”, амалан фурӯши 113 дороиро ба маблағи 572 млн. сомонӣ манъ кард.

Вазорати молия супоришро иҷро карда, ба ҳамаи идораҳои нотариалии кишвар дастур дод, ки шарномаҳои хариду фурӯши амволи “Тоҷпромбонк”-ро ба расмият надароранд. Дар ҳамин ҳол, маъмурияти муваққатии бонк фурӯши амволро ба саҳмгузорон ба маблағи даҳҳо миллион 2-3 баробар зиёдтар аз арзиши бозор анҷом дод, изҳор намуд адвокат Ҷӯраев.

Дар ин мурофиа намояндагони Вазорати адлия бо изҳороти Ҷӯраев дар мавриди ғайриқонунӣ будани амалҳояшон розӣ нашуда, зикр карданд, ки ин амалҳо ба хотири ҳимояи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон анҷом дода шуданд.

Адвокат бо шарҳу тавзеҳоти муовини вазири адлия Мирсаидзода розӣ нашуда, аз шарҳу тавзеҳоти муовини вазир Холиқзода қисман қонеъ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио