Дар МБГ “Душанбе-2” истеҳсоли нерӯи барқ оғоз гардид

Айни замон дар корхона шабонарӯзӣ то 4,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад. “Феълан танҳо ду агрегати Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и “Душанбе-2” кор мекунанд, ки то 4,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Барқи тоҷик”. – Баъдтар боз ду агрегати дигар ҳам ба кор дароварда мешаванд”. Дар ширкат […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Айни замон дар корхона шабонарӯзӣ то 4,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад.

“Феълан танҳо ду агрегати Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и “Душанбе-2” кор мекунанд, ки то 4,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Барқи тоҷик”. – Баъдтар боз ду агрегати дигар ҳам ба кор дароварда мешаванд”.

Дар ширкат қайд карданд, ки айни замон дар корхона танҳо нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад, зеро ба энергияи гармӣ алҳол зарурат нест.

Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе маъмулан нимаи моҳи ноябр оғоз гардида, то нимаи моҳи марти соли оянда идома меёбад.

МБГ “Душанбе-2” аз ҳисоби маблағҳои ширкати чинии ТВЕА дар ҳаҷми наздики 350 млн. доллар сохта шуда, ба ивази он ширкати Чин ба ду кони тилло дар вилояти Суғд – “Дуоба” ва “Кумарғи Боло” дастрасӣ пайдо намуд. То пурра баргардонидани маблағҳои сарфшуда ба сохтмони марказ, ширкат ба истифодаи ин конҳо ҳуқуқ дорад.

Ду агрегати аввали МБГ “Душанбе-2” соли 2016 ва ду агрегати дигар тирамоҳи соли гузашта мавриди истифода қарор гирифтанд. Баъди пурра ба истифода додани марказ Тоҷикистон бори нахуст тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пурра худро бо нерӯи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон таъмин кард.

Иқтидори умумии МБГ “Душанбе-2” 400 МВт нерӯи барқ ва 360 Гкал энергиияи гармиро ташкил медиҳад. Корхона ба истеҳсоли то 9 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз қодир аст, ки беш аз 60%-и талаботи пойтахт ба нерӯи барқро таъмин карда метавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.