МБГ “Душанбе-1” баъди танаффуси тӯлонӣ бо гази Ӯзбекистон ба кор оғоз мекунад

Бо оғози мавсими гармидиҳӣ, ки ба рӯзҳои аввали моҳи ноябр рост меояд, баъди танаффуси тӯлонӣ Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-1 бо истифода аз гази Ӯзбекистон ба кор оғоз мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ду дегхонаҳои шаҳрии “Шарқӣ” ва “Ғарбӣ”, ки ба сохтори МБГ “Душанбе-1” дохиланд, дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо оғози мавсими гармидиҳӣ, ки ба рӯзҳои аввали моҳи ноябр рост меояд, баъди танаффуси тӯлонӣ Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-1 бо истифода аз гази Ӯзбекистон ба кор оғоз мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, ду дегхонаҳои шаҳрии “Шарқӣ” ва “Ғарбӣ”, ки ба сохтори МБГ “Душанбе-1” дохиланд, дар як вақт ба кор дароварда мешаванд.

“Шартнома дар бораи интиқоли газ барои эҳтиёҷоти МБГ “Душанбе-1” ба имзо расид. Бо оғози интиқоли газ аз Ӯзбекистон, ки беш аз 10 сол пеш қатъ гардида буд, маркази мазкур ба кор оғоз менамояд, ки дар баробари энергияи гармӣ, нерӯи барқ ҳам истеҳсол мекунад. Дар ин ҳолат истифодаи нерӯи барқ дар Душанбе – бузургтарини истеъмолгари энергия дар Тоҷикистон камтар мешавад”, – қайд кард манбаъ.

Иқтидори умумии лоиҳавии МБГ “Душанбе-1” 198 МВт-ро ташкил медиҳад. Марказ соли 1957 сохта шуда, сӯзишвории асосӣ барои он гази воридотӣ маҳсуб меёфт, лекин баъди қатъи интиқоли газ аз Ӯзбекистон, аз сӯзишвории захиравӣ – мазут истифода мешуд.

Баъди қатъи интиқоли газ аз Ӯзбекистон, ҳамасола ҳукумат барои эҳтиёҷоти МБГ “Душанбе-1” наздики 30-35 ҳазор тонна мазут мехарид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.