Котиби матбуотии президенти Ӯзбекистон аз кор озод шуд

Комил Алламҷонов аз мақоми муовини раиси маъмурияти президент – котиби матбуотии президенти Ӯзбекистон барканор шуд. Дар ин бора сомонаи Gazeta.uz бо истинод ба як манбаъ дар маъмурияти президент иттилоъ додааст. Сабаби барканории ӯ гуфта намешавад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Комил Алламҷонов бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 августи соли равон, дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Комил Алламҷонов аз мақоми муовини раиси маъмурияти президент – котиби матбуотии президенти Ӯзбекистон барканор шуд. Дар ин бора сомонаи Gazeta.uz бо истинод ба як манбаъ дар маъмурияти президент иттилоъ додааст. Сабаби барканории ӯ гуфта намешавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Комил Алламҷонов бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 августи соли равон, дар пайи тағйири дастгоҳи президент ба маъмурияти президент ба ин мақом таъйин шуда буд.

Алламҷонов сухангӯи президент ва муовини раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Ӯзбекистон моҳи декабри соли гузашта таъйин гашт.

Сухангӯи ҳамакнун пешини Мирзиёев 34 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон (2006) ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Тошканд (2010) аст.

Ӯ солҳои 2005-2009 иҷрокунандаи раҳбари хадамоти иттилоотии Кумитаи андоз, солҳои 2009-2013 раҳбари хадамоти иттилоотӣ – сухангӯи раиси ин кумита буда, муассиси нашрияи "Солик инфо" низ ҳаст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.