Боздошти сокини Кӯлоб бо ҳудуди 2 кило героин

Дар ҷараёни роҳандозии тадбирҳои фаврии ҷустуҷӯии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб як узви фаъоли гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, боздоштшуда сокини 36-солаи шаҳри Кӯлоб Холаҳмад Мадиев буда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда  бастаҳои бо маводи зардчатоби бӯи махсусдошта дарёфт ва […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни роҳандозии тадбирҳои фаврии ҷустуҷӯии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб як узви фаъоли гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, боздоштшуда сокини 36-солаи шаҳри Кӯлоб Холаҳмад Мадиев буда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда  бастаҳои бо маводи зардчатоби бӯи махсусдошта дарёфт ва гирифта шудааст.

“Тавре Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон муайян намуд, маводи дарёфтгардида навъи “героин” буда, вазни он 1 кг 984,4 граммро ташкил дод”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, тафтишот муайян намудааст, ки шаҳрванд Мадиев Х.М. пеш 2 маротиба барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори калон ва махсусан калон ба ҷавобгари ҷиноятӣ кашида шуда бошад ҳам, аз ин ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз даст ба содир намудани чунин ҷиноят задааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти  пешакӣ  барои муайян намудани дигар иштирокчиёни ҷинояти мазкур идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.