Тоҷикистон яке аз кумакгирандагони асосӣ аз Арабистони Саудӣ

Баъди Яман Тоҷикистон дуюмин кумакгирандаи асосии Маркази дастгирӣ ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон (KSRelief) мебошад. “Арабистони Саудӣ ҳамеша ба кишварҳои ниёзманд бидуни ягон поймолкунии ҳуқуқ кумак мекунад”, – изҳор доштааст роҳбари KSRelief Абдулло ал-Робия. Ӯ қайд кардааст, ки баъди Яман Тоҷикистон дуюмин кишвари бузурги кумакгирандаи шоҳи Арабистони Саудӣ мебошад, хабар додааст Arab News. […]

Баъди Яман Тоҷикистон дуюмин кумакгирандаи асосии Маркази дастгирӣ ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон (KSRelief) мебошад.

“Арабистони Саудӣ ҳамеша ба кишварҳои ниёзманд бидуни ягон поймолкунии ҳуқуқ кумак мекунад”, – изҳор доштааст роҳбари KSRelief Абдулло ал-Робия.

Ӯ қайд кардааст, ки баъди Яман Тоҷикистон дуюмин кишвари бузурги кумакгирандаи шоҳи Арабистони Саудӣ мебошад, хабар додааст Arab News.

Ба гуфтаи Абдулло ал-Робия Марказ ба шаҳрвандони аз заминларза ва обхезӣ осебдидаи Тоҷикистон кумак карда, бо ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҷумҳурӣ ва дигар мақомот барои амалисозии якчанд лоиҳаҳои муҳим ҳамкорӣ дошт.

Қобили зикр аст, ки ҳафтаи сипаришуда Маркази омӯзишиву методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки як ниҳоди тозатаъсиси омӯзишист, бо бинои нав ва муҷаҳҳаз таъмин гардид. Ин бино дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Кумита сохта шуд ва маблағгузори он Маркази дастгирии ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ буд.

Моҳи майи соли равон дар ҷараёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар Душанбе ва Хуҷанд ҷонибҳо дар бораи таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи сармоягузорӣ ба созиш расиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид аз ҷониби бахши хусусии Тоҷикистон ба баррасии намояндагони Арабистони Саудӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ пешниҳод шуданд. Давоми солҳои 2007-2017 сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 160,2 млн. доллар маблағгузорӣ карданд, ки ҳамаи он ба қарзи ҷалбшудаи корхона ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ рост меояд.

Тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамагӣ 3 ҳазор долларро ташкил додааст, ки пурра ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон рост меояд. Соли гузашта муомилоти мол байни кишварҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Соли 2016 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ба беш аз 173 ҳазор доллар баробар шуда, нисбат ба як соли пеш қариб 26 маротиба афзудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.