Сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи Душанбе зердасташро парронд

Сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе рӯзи 6 октябр дар ҷойи кориаш аз силоҳи хизматиаш – таппончаи Макаров ба сӯӣ зертобеаш тир холӣ мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ. Тирпарронида Рустам Саъдиев 34-сола ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд. Корманди […]

Сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе рӯзи 6 октябр дар ҷойи кориаш аз силоҳи хизматиаш – таппончаи Макаров ба сӯӣ зертобеаш тир холӣ мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Тирпарронида Рустам Саъдиев 34-сола ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Корманди милитсияи ҷабрдида бо захмҳо аз тир дар шикам ва пой дар бемористон бистарӣ шуда, айни замон ба ҳаёти ӯ дигар хатаре вуҷуд надорад.

Сардори шуъбаи кофтуков ҷиноятии фурудгоҳ боздошт шуда, ВКД тафтиши дохилӣ мегузаронад. Ҳамчунин прокуратура дар нақлиёт низ ба тафтиш машғул аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.