Даргузашти собиқ раиси Кумитаи андоз Хол Машрабов

Шаби 6 ба 7-уми октябр Хол Машрабов, собиқ раиси Кумитаи андоз ва яке аз чеҳраҳои бонуфузи ҷумҳурӣ дар солҳои 90-ум дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими видоъ ва ҷанозаи ӯ рӯзи 7 октябр дар Душанбе баргузор шуд. Аз соли 2008 ӯ аз беморӣ азият мекашид ва ахиран ин беморӣ авҷ гирифт. Аз соли 1998 […]

Шаби 6 ба 7-уми октябр Хол Машрабов, собиқ раиси Кумитаи андоз ва яке аз чеҳраҳои бонуфузи ҷумҳурӣ дар солҳои 90-ум дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.

Маросими видоъ ва ҷанозаи ӯ рӯзи 7 октябр дар Душанбе баргузор шуд. Аз соли 2008 ӯ аз беморӣ азият мекашид ва ахиран ин беморӣ авҷ гирифт.

Аз соли 1998 то соли 2001 Хол Машрабов Кумитаи андозро роҳбарӣ карда, муддати 5 сол раисии ноҳияи Рӯдакӣ – бузургтарин ва сераҳолитарин ноҳияро бар дӯш дошт. Бародараш Ибодулло Машрабов муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ аст.

Хол Машрабов 1 январи соли 1951 дар ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Хатмкардаи техникуми кооперативӣ (1969) ва факултаи банақшагирии хоҷагии халқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1989) мебошад. Солҳои гуногун ба ҳайси челонгар, фурӯшанда ва мудири мағоза, директори трести хӯроки умумӣ (Общепит)-и ноҳияи Ленин (феълан Рӯдакӣ) кор кардааст.

Солҳои 1987-1989 ба сифати раиси Иттифоци истеъмолгарони ноҳияи Варзоб, солҳои 1989 – 1993 раиси Иттифоқи истеъмолгарони шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз соли 1990 – вакили Шӯрои олии Тоҷикистон, солҳои 1994 – 1998 раиси ноҳияи Ленин; солҳои 1998-2001 – раиси Кумитаи андоз. Соли 2005 вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати сеюм аз ҳавзаи интихоботии №5, ноҳияҳои тобеи марказ. Давоми солҳои 2001 – 2006 ба ҳайси раиси ноҳияи Рӯдакӣ кор кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.