Ронандаи бадахлоқу бадрафтор ин дафъа ҷарима шуд. Ӯ фарш намешӯяд

Суди ноҳияи Синои пойтахт ронандаи бадахлоқу бадрафторро барои беҳурматӣ нисбати зан ба маблағи 350 сомонӣ ҷарима кард. Бино ба маълумоти РВКД Душанбе, бо назардошти маъюби гурӯҳ дуюм будани ронанда, суд нисбати ӯ ҷазои сабуктарро сазовор дониста, ба корҳои маҷбурӣ ҷалб нашуд. Гуфта мешавад, як нафар зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ ба мақомоти […]

Asia-Plus

Суди ноҳияи Синои пойтахт ронандаи бадахлоқу бадрафторро барои беҳурматӣ нисбати зан ба маблағи 350 сомонӣ ҷарима кард.

Бино ба маълумоти РВКД Душанбе, бо назардошти маъюби гурӯҳ дуюм будани ронанда, суд нисбати ӯ ҷазои сабуктарро сазовор дониста, ба корҳои маҷбурӣ ҷалб нашуд.

Гуфта мешавад, як нафар зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки нисбати ҷавонписари ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ дар хатсайри №8 машғул буданаш нисбати муроҷиаткунанда беҳурматӣ зоҳир намуда, дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбаташ ҳаракат ва суханҳои ғайриахлоқӣ гуфтааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Нексия”, сокини 36-солаи шаҳри Душанбе Шералӣ Камолов, ки ба мусофиркашонӣ дар хатсайри №8 машғул аст, боздошт ва ба шуъбаи милитсия оварда мешавад. Ӯ ба гуноҳаш иқрор шуда, аз зан узр пурсидааст.

Бо назардошти маъюбии ронанда, суд ӯро 350 сомонӣ ҷарима кард, зеро барои чунин рафтор маъмулан беодобонро бо корҳои маҷбурӣ – кӯчарӯбиву фаршшӯӣ ҷазо медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио