Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар кори Конфронси раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё

Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти райёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Қудратов бо даъвати Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия И. Қаҳрамон, Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Руссия В. Володин ва раиси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ Ҷ. Сегюн барои иштирок дар кори Конфронси сеюми раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё ба шаҳри Анталияи […]

Asia-Plus

Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти райёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Қудратов бо даъвати Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия И. Қаҳрамон, Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Руссия В. Володин ва раиси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ Ҷ. Сегюн барои иштирок дар кори Конфронси сеюми раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё ба шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия сафар намуданд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов иттилоъ дод, сафари мазкур аз 8 то 12 октябри соли ҷорӣ идома меёбад. Дар рафти сафар, дар назар аст, ки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, дар доираи Конфронси сеюми раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё бо баъзе аз сарони парламентҳои кишварҳои номбурда мулоқот намояд ва аз ҷойҳои таърихии ин кишвари афсонавӣ дидан намояд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин Акрамшо Фелалиев, дар рӯзи дуюми кори конференсияи мазкур, дар назди иштирокчиёни он баромад менамояд. Ёдовар мешавем, ки дар кори конфронси мазкур  намояндагони зиёда аз 40-парламентҳои кишвари калонтарини дунё иштирок менамоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио