“Барқи тоҷик” болоравии арзиши нерӯи барқро шарҳ медиҳад

Аз 1 ноябр ба андозаи 15% зиёд шудани нархи истифодаи нерӯи барқро дар ширкати “Барқи тоҷик” барои аҳолӣ сатҳӣ унвон карда, вале барои пешрафи соҳаи хеле муҳим медонанд. Дар муроҷиатномаи дар сомонаи ширкат нашршуда қайд мешавад, ки барои доимо бо барқ таъмин будан, истеъмолгарон бояд ҳаққи барқи истифодашударо пурра ва сари вақт пардохт намоянд. Гуфта […]

Asia-Plus

Аз 1 ноябр ба андозаи 15% зиёд шудани нархи истифодаи нерӯи барқро дар ширкати “Барқи тоҷик” барои аҳолӣ сатҳӣ унвон карда, вале барои пешрафи соҳаи хеле муҳим медонанд.

Дар муроҷиатномаи дар сомонаи ширкат нашршуда қайд мешавад, ки барои доимо бо барқ таъмин будан, истеъмолгарон бояд ҳаққи барқи истифодашударо пурра ва сари вақт пардохт намоянд.

Гуфта мешавад, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи нерӯи барқ барои ҳамаи гуруҳҳои истифодабарандагон ба андозаи 15 фоиз баланд бардошта шуда, ин қарор аз 1 ноябри соли 2018 мавриди амал қарор мегирад.

“Дар муқоиса бо хароҷоти Ширкат ин баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист; пеш аз ин аҳолӣ барои ҳар кВт.соат 16,85 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 19,37 дирамро ташкил медиҳад”, – омадааст дар муроҷиатнома.

Дар ҳамин ҳол таъкид мешавад, ки ин тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад.

“Дар айни замон, ба қадри 15 фоиз қиммат шудани нархи барқ барои ҳар муштарӣ дар алоҳидагӣ он қадар таъсири гароне надорад. Вале ин барои пешрафти ин соҳа, таъминот кулли сокинон бо барқ ва пешрафти иқтисодиёти тамоми кишвар хеле муҳим аст. Ин мусоидат менамояд, ки ниҳоди энергетикӣ рушд ёбад”, – бар ин назаранд дар ширкат.

Дар муроҷиатнома доир ба ногузир будани чунин тасмим сухан меравад, чунки таҳлилҳои аз тарафи мутахассисони соҳа ва коршиносони байналмиллалӣ гузаронидашуда собит сохтанд, ки Ширкати “Барқи Тоҷик" бо тарифҳои пешина ягон имконият надошт, ки аз қарз раҳо гардад ва дар лоиҳаҳои инвеститсионии байналмиллалӣ ширкат намояд.

Зикр мегардад, ки ҳоло ҳам нархи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби миёнаи нархи байналмиллалии барқ, кишварҳои давлатҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил хеле арзон аст.

“Ин дар шароите сурат мегирад, ки дар кишвари мо низ барқ аз рӯи талаботи байналмиллалӣ истеҳсол мегардад, мо қисмҳои эҳтиётиро пурра аз хориҷа ва бо асъори хориҷӣ харидорӣ менамоем”, – қайд мешавад дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳар сол Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо аз 32 то 35 млн.сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад.

Дар анҷом хулоса мешавад, ки мақсади чунин тасмимгирӣ рушди соҳаи энергетика ва иҷрои Барномаи стратегии ислоҳоти бахши энергетика буда, пеш аз ҳама тадбирест, ки барои беҳбудии таъминоти кишвар ва мардуми он бо барқ равона гаштааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.