Оғози Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе

Барои иштирок дар чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе ҳайати ин шаҳр таҳти сарварии раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли Санкт-Петербург Дмитрий Чернейко рӯзи 17 октябр ба Душанбе ташриф овард. Дар ин ҳайат ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Санкт-Петербург, омӯзгорони забону адабиёти рус, табибони варзида ва ҳунармнадони гурӯҳҳои эҷодии шаҳр ҳузур доранд, хабар доданд […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Барои иштирок дар чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе ҳайати ин шаҳр таҳти сарварии раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли Санкт-Петербург Дмитрий Чернейко рӯзи 17 октябр ба Душанбе ташриф овард.

Дар ин ҳайат ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Санкт-Петербург, омӯзгорони забону адабиёти рус, табибони варзида ва ҳунармнадони гурӯҳҳои эҷодии шаҳр ҳузур доранд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Дар доираи ин сафар ҳайати шаҳри Санкт-Петербург бо муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода дидору гуфтушунид мекунад.

Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе то 20 октябр иддома ёфта, барномаи он аз баргузории мизҳои гирд ва вохӯриҳо дар мавриди баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо иборат аст.

Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо табибони шаҳри Санкт-Петербург барои мутахассисони муассисаҳои тиббии Душанбе машғулиятҳо гузаронида, ба аҳолии шаҳр машваратҳо медиҳанд.

Барои омӯзгорони забону адабиёти рус семинар-лексияҳо ва барои тарбиятгирандагони мактабҳои мусиқии пойтахт низ доир ба навохтани асбобҳои мусиқӣ машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Имрӯз, 18 октябр дар майдони “800-солагии Москва” назди Театри опера ва балети ба номи Садридин Айнӣ бо иштироки овозхонони операи Театри Мариинск Наталя Павлова ва Андрей Серов консерти бошукӯҳ баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.