Омодагирии ИМА ба сафарбарии 5 ҳазор сарбоз ба марз бо Мексика

Вазорати мудофиаи ИМА барои фиристодани панҷ ҳазор сарбоз ба ҷануби ғарби Амрико – ба марзи ин кишвар бо Мексика – омодагӣ мебинад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин тасмим дар робита ба наздикшавии корвони паноҳандагон гирифта шудааст, ки ният доранд, ҳаққи иқоматро дар ИМА пайдо кунанд. Корвон ба марзи ИМА наздик мешавад. Бо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати мудофиаи ИМА барои фиристодани панҷ ҳазор сарбоз ба ҷануби ғарби Амрико – ба марзи ин кишвар бо Мексика – омодагӣ мебинад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин тасмим дар робита ба наздикшавии корвони паноҳандагон гирифта шудааст, ки ният доранд, ҳаққи иқоматро дар ИМА пайдо кунанд. Корвон ба марзи ИМА наздик мешавад.

Бо истинод ба навиштаи расонаҳо гуфта мешавад, 5 ҳазор сарбоз баробари се яки шумори умумии кормандони гумруки Амрикост, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолият мекунанд.

Вазорати дифои ИМА ибтидои соли ҷорӣ наздики 2 ҳазор сарбоз ба марзи Мексика фиристода буд.

Корвони паноҳандагон, ки тавассути ҳудуди Мексика ба марзи ИМА наздик мешавад, таваҷҷуҳи расонаҳоро ҷалб кардааст. Ин муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсояи Мексика ҳастанд. Ҳукумати Мексика барои қисме аз ин муҳоҷирон ҷойи кор ва манзил пешниҳод кард.

Мақомоти Амрико ҳам гуфтанд, барои онҳое, ки ба паноҳгоҳи фаврӣ эҳтиёҷ доранд, кумак мекунанд. Аммо ҳам мақомоти Мексика ва ҳам мақомоти Амрико гуфтанд, наметавонанд ба ҳамаи паноҳандагон ёрӣ расонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.