Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз бо намояндагони парлумони Тоҷикистон, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо дипломатҳои тоҷик дидору гуфтушунид мекунад; – Шурӯъ аз имрӯз тарифҳои истифодаи нерӯи барқ 15% боло мераванд. Акнун минбаъд аҳолӣ барои […]

Asia-Plus

АНОНС

– Раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз бо намояндагони парлумони Тоҷикистон, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо дипломатҳои тоҷик дидору гуфтушунид мекунад;

– Шурӯъ аз имрӯз тарифҳои истифодаи нерӯи барқ 15% боло мераванд. Акнун минбаъд аҳолӣ барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 19,37 дирам маблағ пардохт мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4198 сомонӣ;

1 евро – 10.6839 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1431 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1929 – Нусхаи нахустини рӯзномаи «Советский Таджикистан» (феълан «Народная газета») нашр шуд.

1960 – Корхонаи дастгоҳи шиддати пастволти Адрасмон мавриди истифода қарор гирифт.

2010 — Дар Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои араб дар Тоҷикистон – сафоратхонаи Арабистони Саудӣ боз шуд.

2016 — Кумитаи андози Тоҷикистон адвокатҳои хусусиро ба соҳибкорон баробар кард: онҳо аз даромадҳояшон андоз месупоранд.

1939-1993 – Зодрӯзи нависанда Баҳром Фирӯз.

1948 – Мавлуди журналист Сироншои Диловар.

1950 – Зодрӯзи раққоса Садбарг Қосимова.

1951 – Мавлуди мураббии дараҷаи байнулмилалӣ оид ба самбо Шеравлиё Шеравлиёев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +3+8.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +10+15; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона 0+5.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +5+10.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +12+14.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +13+15.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио