Вазири молияи ҶТ: Нишонаҳои таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар бештар эҳсос мегарданд

            Душанбе. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки нишонаҳои таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бештар эҳсос мегарданд.             Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА 11 дарсад поин рафта, нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки нишонаҳои таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бештар эҳсос мегарданд.





           

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА 11 дарсад поин рафта, нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22,4 дарсад коҳиш ёфтанд. Ҳаҷми воридоти маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба миқдори 25 дарсад камтар шуда, мизони таваррум 1,2 дарсадро ташкил додааст.




           

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки даромадҳои нақшавӣ ба буҷаи давлатӣ ба миқдори 84,7 дарсад ба иҷро расида, қисми хароҷоти буҷа дар ҳаҷми 80 дарсад иҷро шудааст. «Вазъи мазкур бар асари таъсири бӯҳрони молӣ ва коҳиши ҳаҷми содирот ба амал омад», – гуфт ӯ.




           

Вазири молия таъкид сохт, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 1,370 млн. доллари ИМА баробар буда, нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24 дарсадро ташкил медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.