Алтернативаи коршинос дар масъалаи нархгузорӣ ба симкортҳо

Муҳаммадӣ Ибодуллоев – директори Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет пешниҳод мекунад, ки нархмонӣ ба симкортҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта шуда, пойгоҳи хизматрасонӣ (сервис)-и Mobile number portability – MNP ҷорӣ шавад, ки мушкили тез-тез иваз кардани рақамҳоро ҳал карда метавонад. Аз 1 январи соли 2019 арзиши 1 симкорт дар Тоҷикистон 250 сомонӣ ё худ 26 […]

Заррина Эргашева, Asia-Plus

Муҳаммадӣ Ибодуллоев – директори Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет пешниҳод мекунад, ки нархмонӣ ба симкортҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта шуда, пойгоҳи хизматрасонӣ (сервис)-и Mobile number portability – MNP ҷорӣ шавад, ки мушкили тез-тез иваз кардани рақамҳоро ҳал карда метавонад.

Аз 1 январи соли 2019 арзиши 1 симкорт дар Тоҷикистон 250 сомонӣ ё худ 26 доллар муқаррар шуда метавонад: ВКД Тоҷикистон ба ҳукумат ҳанӯз моҳи август чунин пешниҳод карда буд.

Муаллифони ин ташаббус бар ин боваранд, ки симкортҳо дар кишвар хеле дастрас буда, бо муқаррар кардани нарх ба онҳо (маҳз дар чунин ҳаҷм) метавон амнияти миллиро беҳтару пурсамартар таъмин намуд.

Далел барои ин пешниҳод бар он асос меёфт, ки аҳолӣ тез-тез симкортҳоро иваз мекунад ва аз ин рӯ, пайгириву назорати фаъолнокии муштарӣ хеле душвор мешавад.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев ба гурӯҳи кории иборат аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ширкатҳои мобилӣ пешниҳод мекунад, ки алтернатива ба қиматшавии симкортҳоро баррасӣ намуда, ба пойгоҳи хизматгузорие чун интиқолпазирии рақами телефонҳо (Mobile number portability – MNP) таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Моҳияти кори ин пойгоҳ дар он ифода меёбад, ки бо ба кор овардани префикс зимни ивази оператори алоқа, ба комилан нигаҳдории рақами телефони худ имкон медиҳад.

“Сабаби асосии тез-тез иваз шудани симкортҳо дар Тоҷикистон оддӣ аст: шахс симкорт харида, баъди чанде мефаҳмад, ки ин тарифи оператор барои ӯ мувофиқ нест ё дигар оператори мобилӣ тарифи бештар муносибтар пешниҳод намуд. Барои ҳамин одамон рақам ва кортро иваз мекунанд. Ин мушкилро бо роҳи осон, ки аз он аллакай бисёре аз кишварҳо истифода мекунанд, метавон ҳал кард”, – мегӯяд Ибодуллоев.

Ба истилоҳи дигар ё бештар фаҳмотар Шумо метавонед аз рақами мавҷудаи ҳозираатон истифода карда, дар ҳамин ҳол оператори алоқа ва нақшаи тарифро иваз намоед.

“Барои роҳандозии ин хизматгузорӣ, танҳо як дастгоҳи марказӣ лозим аст, ки рақамҳоро мушаххас ва дарёфт намояд. Тибқи префикс ин рақамҳо ба як ширкат тааллуқ дошта, пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ ширкати дигар мебошад. Иҷрои ин кор дар сонияҳои башумор сурат мегирад. MNP муштариро аз аз вобастагӣ ба як оператор озод мекунад, зеро ҳолатҳое мешаванд, ки ивази рақам ба нафъи шахс нест”, – қайд мекунад Ибодуллоев.

Ба ақидаи коршинос ин якбора якчанд масъаларо ҳал мекунад: мушкили назорату пайгирии мушатриён аз байн меравад; симкортҳо қимат намешаванд. Ҳамчунин аҳолӣ имкон пайдо хоҳад кард, ки рақами бо худ доштаашро боқӣ гузорад, вале дар ҳамин ҳол, ба тарифҳои бештар фоидаовари оператори дигар низ гузашта тавонад, ки хеле бароҳату мусоид аст. Дар навбати худ, барои аз ҷониби операторон харидани пойгоҳи нави рақамҳо ва фармоиши симкортҳои нав бо харҷи маблағ дигар зарурат боқӣ намемонад.

Қобили зикр аст, ки айни замон чунин таҷриба дар Русия ва Қазоқистон вуҷуд дошта, ба наздикӣ дар Ӯзбекистон низ ҷорӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.