Маҳбас ба ҷои мактаби олӣ: боздошти 7 ҷавон барои муноқишаи гурӯҳӣ бо кордкашӣ

Date:

Аз рӯи далели иштирок дар муноқишаи гурӯҳӣ ва зимни он истифода аз ҳар гуна олот аз қабили корду санг дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови пойтахт 7 нафар ҷавонон боздошт ва се тан аз онҳо бо захмҳо аз корд дар бемористон зери посбонии кормандони милитсия бистарӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздоштшудагон – Абдулло Абдуллоев, донишҷӯи 19-солаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ; Ханҷар Қурбоналиев, донишҷӯи 21-солаи донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; Ҳамза Мирзоев, донишҷӯи 21-солаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия; Фирӯз Шарипови 21-сола, хатмкардаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе; Беҳрӯз Абдраҳмонов, донишҷӯи 21-солаи Донишгоҳи давлатии техники Тоҷикистон; сокини 28-солаи маҳаллаи Гулбутта Худобахш Зуҳуров ва сокини 17-солаи шаҳри Душанбе Сайраҳмон Азамов мебошанд.

Се тан аз боздоштшудагон – Абдулло Абдуллоев, Худобахш Зуҳуров ва Сайраҳмон Азамов бо заҳмҳо аз кор дар беморхона бистарианд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Яке аз захмишудагон зимни муноқиша

Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин моддаи ҷазои аз 5 то 7 соли зиндони низомаш шадид пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз ҷониби милитсияи пойтахт барои муайян ва дастгир намудани дигар ҳаммаслакони гурӯҳҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...