Маҳбас ба ҷои мактаби олӣ: боздошти 7 ҷавон барои муноқишаи гурӯҳӣ бо кордкашӣ

Аз рӯи далели иштирок дар муноқишаи гурӯҳӣ ва зимни он истифода аз ҳар гуна олот аз қабили корду санг дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови пойтахт 7 нафар ҷавонон боздошт ва се тан аз онҳо бо захмҳо аз корд дар бемористон зери посбонии кормандони милитсия бистарӣ шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе […]

Аз рӯи далели иштирок дар муноқишаи гурӯҳӣ ва зимни он истифода аз ҳар гуна олот аз қабили корду санг дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови пойтахт 7 нафар ҷавонон боздошт ва се тан аз онҳо бо захмҳо аз корд дар бемористон зери посбонии кормандони милитсия бистарӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздоштшудагон – Абдулло Абдуллоев, донишҷӯи 19-солаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ; Ханҷар Қурбоналиев, донишҷӯи 21-солаи донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ; Ҳамза Мирзоев, донишҷӯи 21-солаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия; Фирӯз Шарипови 21-сола, хатмкардаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе; Беҳрӯз Абдраҳмонов, донишҷӯи 21-солаи Донишгоҳи давлатии техники Тоҷикистон; сокини 28-солаи маҳаллаи Гулбутта Худобахш Зуҳуров ва сокини 17-солаи шаҳри Душанбе Сайраҳмон Азамов мебошанд.

Се тан аз боздоштшудагон – Абдулло Абдуллоев, Худобахш Зуҳуров ва Сайраҳмон Азамов бо заҳмҳо аз кор дар беморхона бистарианд.

Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин моддаи ҷазои аз 5 то 7 соли зиндони низомаш шадид пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз ҷониби милитсияи пойтахт барои муайян ва дастгир намудани дигар ҳаммаслакони гурӯҳҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.