Ҳукми 11 соли зиндон ба саркардаи занозанӣ дар қабристони Хованское дар Маскав

Додгоҳи шаҳри Москва дар ҳукми рӯзи 14 ноябри худ раиси собиқи як шӯъбаи корхонаи “Ритуал” Александр Чабуевро барои ташкили занозании гурӯҳӣ дар қабристони Хованское баҳори соли 2016 ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои Русия иттилоъ медиҳад. Дар ҳукми додгоҳи мунсифаи Москва гуфта мешавад, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳи шаҳри Москва дар ҳукми рӯзи 14 ноябри худ раиси собиқи як шӯъбаи корхонаи “Ритуал” Александр Чабуевро барои ташкили занозании гурӯҳӣ дар қабристони Хованское баҳори соли 2016 ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои Русия иттилоъ медиҳад.

Дар ҳукми додгоҳи мунсифаи Москва гуфта мешавад, ки «бо маҷмӯи ҳамаи ҷиноятҳо, баъди коҳиши як бахши иттиҳом, ба Александр Чабуев мӯҳлати 11 соли зиндони низомаш сангин муқаррар шавад”.

Ташкилкунандаи дигари ин занонзанӣ – ҳаммуассиси ташкилоти варзишии «Здорова нация" Александр Бочарников ба 9 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шудааст. Матбуот аз қавли вакилони дифои маҳкумшудаҳо навишт, ки ин ҳукмро "ғайриқонунӣ" арзёбӣ мекунанд ва аз болои он шикоят хоҳанд кард.

Хабаргузории Интерфакс менависад, додгоҳ ва тафтишот муайян кардаанд, ки Чабуев ва Бочарников бо кӯмаки клуби варзишии "Здоровая нация" бетартибиҳои оммавиро ташкил карда, мехостанд муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ҳудуди кабристон берун кунанд. Аз баёноти шоҳидон бармеояд, ки маъмурияти қабристон аз муҳоҷирон талаб мекарданд, ки 50 то 90 дарсади даромадҳои худро ба онҳо бидиҳанд.

Дар як изҳороти додситонии кулли Русия, ки 14 ноябр дар вебсайти ин ниҳод нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ аз рӯи ин парванда 16 нафар маҳкум шуданд ва ҳамаи онҳо аз 24 то 44-сола мебошанд. Дар миёни маҳкумшудаҳо сокинони вилояти Москва ва Ҷумҳурии Чеченистон мебошанд. Инҳо: Юрий Чабуев, Александр Бочарников, Рашид Бисултанов, Элбек Вадуев, Маирбек Вадуев, Сергей Козлов, Владимир Колесников, Александр Мережк, Никита Мошенко, Борис Рудаков, Вячеслав Серов, Артура Ҳоҷихонов, Зелимхон Ҳамзатхонов, Сергея Улихин, Лечи Яҳёев ва Элисхон Яҳёев.

Аз миёни маҳкумшудаҳо, се нафар ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла Элбек Вадуев ба 11,5 соли ҳабс маҳкум шуданд. Валуев дар он муттаҳам шуд, ки савори мошини "ВАЗ" ва бо истифода аз зӯр ду ҷабрдидаро пахш кард ва дар натиҷа онҳо ҷон доданд. Дигар маҳкумшудаҳо ба мӯҳлати 3,5 то 5,5 соли зиндон ҳабс шуданд.

14 маи соли 2016 дар назди даромадгоҳи марказии қабристони Хованское як занозании гурӯҳӣ сар зад, ки дар ҷараёни он аз силоҳи оташфишон ҳам истифода шуд. Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ин занозанӣ тахминан 200 нафар, асосан шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон ва ҳам сокинони Қафқози Шимолӣ иштирок кардаанд. Дар натиҷаи ин моҷаро се нафар кушта ва беш аз 30 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ғайр аз ин, дар ин ҳодиса чанд нафаре, ки ба зиёрати қабри наздиконашон рафта буданд, осеб диданд. Аз ҷумла, ба як ҷуфти солхӯрдае ҳамла карданд, ки барои зиёрати қабри писарашон рафта буданд. Ҳамлагарон мехостанд мошини ин ҷуфти кӯҳансолро гирифта аз ҷои ҳодиса фирор кунанд.

Декабри соли 2017 додгоҳи Шербинскии шаҳри Москва панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро барои ширкат дар занозанӣ сесолӣ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамаи онҳо бо назардошти мӯҳлати дар ҳабс нигаҳдорӣ шуданашон моҳи августи соли ҷорӣ ба озодӣ баромаданд. ​

Хабаргузории РИА Новости он замон аз қавли мақомоти додгоҳ навишт, ин афрод ба авбошӣ айбдор шуданд. Аммо иттиҳоми “барқасдона хароб кардани молу мулки ғайр” ва “авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ” аз парвандаи онҳо соқит шуд.

Рӯзи 14-уми майи соли 2016 як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳақ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон – Сӯҳроб Хушакови 22-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола – кушта шуда ва тақрибан 30 тани дигар захм бардоштанд. Аммо Вазорати умури хориҷии Русия теъдоди захмиҳо дар ин занозаниро 23 нафар ҳисоб карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.