Интиқоди муовини сарвазир аз омодагии Суғд ба зимистон

Азим Иброҳим бахусус аз захираҳои нокофии маҳсулоти ғизойӣ ва шароити зимистонгузаронӣ барои қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи дар вилояти Суғд норозигӣ изҳор намуд. Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи кории Ситоди ҷумҳуриявиро оид ба омодагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 баргузор намуд. Тавре АМИТ “Ховар” дар ин робита иттилоъ медиҳад, […]

АМИТ “Ховар”

Азим Иброҳим бахусус аз захираҳои нокофии маҳсулоти ғизойӣ ва шароити зимистонгузаронӣ барои қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи дар вилояти Суғд норозигӣ изҳор намуд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи кории Ситоди ҷумҳуриявиро оид ба омодагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 баргузор намуд.

Тавре АМИТ “Ховар” дар ин робита иттилоъ медиҳад, мутобиқи маълумоти оморӣ, хӯроки чорво танҳо барои 7-8 фоизи чорвои хоҷагиҳои деҳқонии вилоят захира гардидааст, аммо барои 92-93%, ки бахши хусусиро ташкил мекунад, аз ҷониби сохторҳои масъул маълумот пешниҳод нагардид ки ин сабаби ташвиш мебошад.

Азим Иброҳим ҳамзамон нақшабандии соҳаҳоро дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бе ҳисобу китоби дақиқ ва муайян сохтани талаботи воқеии соҳа амалӣ мегардаду комилан ҷавобгӯи талабот намебошад, низм мавриди интиқод қарор дод.

Зимнан муовини сарвазир аз масъулини вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даъват ба амал овард, ки то 1 декабри соли ҷорӣ ҷиҳати комилан баратараф кардани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.