Ташрифи нахусти ҳайати парлумонии Ӯзбекистон ба Душанбе

Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон таҳти сарварии раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси ин кишвар Нуриддинҷон Исмоилов бори нахуст дар таърихи муносибатҳои кишварҳо тӯли солҳои соҳибистқлолӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Олим Салимзода хабар дод, боздиди вакилони мардумии Ӯзбекистон аз Тоҷикистон рӯзҳои 19-22 ноябр […]

Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон таҳти сарварии раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси ин кишвар Нуриддинҷон Исмоилов бори нахуст дар таърихи муносибатҳои кишварҳо тӯли солҳои соҳибистқлолӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Олим Салимзода хабар дод, боздиди вакилони мардумии Ӯзбекистон аз Тоҷикистон рӯзҳои 19-22 ноябр дар назар аст.

Дар ҷараёни ин сафар дидору гуфтушуниди ҳайати парлумонии кишвари ҳамсоя бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони ҳарду палатаи парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров ба нақша гирифта шудааст.

Раиси палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчунин бо фаъолияти корхонаи “ТАЛКО кабел” аз наздик шинос шуда, аз нерӯгоҳи барқи обии Норак низ боздид мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.