Аз оғози сол нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 4,7% боло рафтанд

Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 4,7%-ро ташкил дод. Ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 6% баробар буд. Моҳи гузашта мизони таваррум 0,7%-ро ташкил дод. Аз ҷумла моҳи октябр маҳсулоти хӯрокворӣ – 1,4%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ – 0,3% қимат шуда, хизматгузориҳои пулакӣ баръакс 0,6% арзон шуданд. Дар маҷмӯъ аз оғози […]

Пайрав Чоршанбиев

Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 4,7%-ро ташкил дод. Ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 6% баробар буд.

Моҳи гузашта мизони таваррум 0,7%-ро ташкил дод. Аз ҷумла моҳи октябр маҳсулоти хӯрокворӣ – 1,4%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ – 0,3% қимат шуда, хизматгузориҳои пулакӣ баръакс 0,6% арзон шуданд.

Дар маҷмӯъ аз оғози сол маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасониҳо ба андозаи 4,7% қимат шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон таваррумро дар сатҳи на бештар аз 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,7%-ро ташкил дода буд.

Кадом маҳсулоту хизматрасониҳо моҳҳои январ-октябр аз ҳама бештар қимат шуданд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

Карам – 17,5%

Пиёз – 14,8%

Сабзӣ- 11,3%

Шир – 8,8%

Тухм – 7,1%

Равған – 3,1%

Орди навъи якум – 2%

Маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ:

Бензин – 16,9%

Матои абрешим – 11,9%

Дастгоҳҳои маишӣ – 9,5%

Маҳсулоти дорусозӣ – 6,7%

Семент – 5,3%

Воситаҳои шустушӯ – 4,9%

Хизматрасониҳо:

Нақлиёти мусофирбари ҳавоӣ – 55,6%

Обу корез – 10,4%

Гази моеъ – 3,2%

Сафар дар нақлиёти автомобилӣ – 1,8%

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.