Бархӯрди автомашинаҳои сабукрав ва боркаш дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Бар асари бархӯрди чор автомашина дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 4 нафар ҳалок шуда, боз чанд тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон. Гуфта мешавад, дар километри 185, дар натиҷаи бо ҳам бархӯрдани 2 нақлиёти боркаш ва 2 автомобили сабукрав садамаи нақлиётӣ рух дод. […]

Asia-Plus

Бар асари бархӯрди чор автомашина дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 4 нафар ҳалок шуда, боз чанд тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар километри 185, дар натиҷаи бо ҳам бархӯрдани 2 нақлиёти боркаш ва 2 автомобили сабукрав садамаи нақлиётӣ рух дод. Кормандони филиали Ширкат фаврӣ ба макони садама расида, ба зарардидагон кумак расониданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар минтақаи мазкур ҳолати роҳ хуб буда, яхбандӣ вуҷуд надорад. Бино ба гуфти шоҳидон, ба самти муқобили ҳаракати баромадани яке аз ронандаҳо сабаби рух додани садама шудааст.

Қайд мешавад, ки айни замон таҳқиқи сабаби садамаи нақлиётӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор идома дорад.

 

Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба пайвандону наздикони афроди фавтида ҳамдардии амиқ баён намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хостаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.