Намояндагони Вазорати адлияи Тоҷикистон аз ҳамтоҳои ӯзбеки худ таҷриба меомӯзанд

Муовини вазири адлияи Ӯзбекистон Маҳмуд Истамов рӯзи 27 ноябр бо ҳайати Вазорати адлияи Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ Абдуманнон Холиқзода дидору гуфтушунид кард. Вохӯрӣ дар доираи амалисозии Созишнома дар бораи ҳамкорӣ, ки байни вазоратҳо 18 августи соли 2018 ба имзо расида буд, доир гардида, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нигаронида шудааст. Бино […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини вазири адлияи Ӯзбекистон Маҳмуд Истамов рӯзи 27 ноябр бо ҳайати Вазорати адлияи Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ Абдуманнон Холиқзода дидору гуфтушунид кард.

Вохӯрӣ дар доираи амалисозии Созишнома дар бораи ҳамкорӣ, ки байни вазоратҳо 18 августи соли 2018 ба имзо расида буд, доир гардида, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нигаронида шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати адлияи Ӯзбекистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар самтҳои ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии ҳуқуқӣ, роҳандозии фаъолияти мақомоти адлия, нотариус ва адвокатҳо, омодакунӣ ва табодули кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо баррасӣ намуданд.

Маҳмуд Истамов доир ба таҷрибаи Вазорати адлияи Ӯзбекистон дар самти такмили қонунофарӣ, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, ислоҳоти дар кишвар ҷараёндошта, аз ҷумла тадбирҳои доимӣ ва пайваста оид ба таҳкими заминаи қонунгузорӣ маълумот дод.

Абдуманнон Холиқзода ба дигаргуниҳои мусбат ва ислоҳот дар самти волоияти қонун, адлия, хизматрасониҳои давлатӣ, нотариат ва ниҳоди адвокатура дар Ӯзбекистон баҳои баланд дод.

Сафари ҳайати Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон то 1 декабр идома меёбад. Ба ҷуз мулоқот бо раҳбарияти Вазорати адлияи кишвари ҳамсоя, сафари ҳайат ба шаҳрҳои Бухоро ва Самрқанд низ пешбинӣ шудааст. Меҳмонон бо фаъолияти Маркази хизматрасониҳои давлатӣ дар Бухоро, идораи давлатии нотариалии №3 ва Қабулгоҳи мардумии Президенти Ӯзбекистон дар Самарқанд шинос мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.