Зодаи Тоҷикистон Палатаи федералии кадастрии Русияро ба роҳбарӣ гирифт

Зодаи Тоҷикистон Парвиз Тухтасунов Палатаи федералии кадастрии Русияро ба роҳбарӣ гирифт. Фармонро дар бораи таъини ӯ ба ин вазифа роҳбари Вазорати рушди иқтисоди Русия Максим Орешкин ба имзо расонидааст. Парвиз Тухтасунов аз моҳи октябри соли 2016 ба ҳайси мушовири роҳбари Палатаи федералии кадастрӣ фаъолият мекард, хабар медиҳад радиои “Говорит Москва”. Бо вуҷуди ин, фармон дар […]

Asia-Plus

Зодаи Тоҷикистон Парвиз Тухтасунов Палатаи федералии кадастрии Русияро ба роҳбарӣ гирифт. Фармонро дар бораи таъини ӯ ба ин вазифа роҳбари Вазорати рушди иқтисоди Русия Максим Орешкин ба имзо расонидааст.

Парвиз Тухтасунов аз моҳи октябри соли 2016 ба ҳайси мушовири роҳбари Палатаи федералии кадастрӣ фаъолият мекард, хабар медиҳад радиои “Говорит Москва”.

Бо вуҷуди ин, фармон дар бораи таъиноти ӯ ҳоло имзо нашудааст, менависанд чанде аз васоити ахбори умум. Ҳамин тариқ дар сомонаи funclub.su сурати фармон бе имзои вазир гузошта шудааст.

Бино ба маълумоти овардашуда Тухтасунов соли 1985 дар Душанбе ба дунё омадааст. Соли 2008 Акдемияи тиббии ба номи И.М.Сеченовро хатм карда, дар ҳамин ҷо ба сифати интерн ва аспирант кор кардааст.

Соли 2017 Донишкадаи кушода – мактаби олии касбиро бо ихтисоси “идоракунии давлатӣ ва маъмурӣ” ва Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плехановро дар самти “молияи идора” хатм мекунад.

Солҳои 2008-2012 ба сифати интерн, аспиранти Академияи тиббии ба номи И.М.Сеченов ва аз соли 2011 то соли 2016 дар сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ кор кардааст.

Моҳҳои август-октябри соли 2016 – муовини директори Дастгоҳи идоракунии Муассисаи давлатии федералии буҷетии«Россельхозземлемониторинг».

Аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи ноябри соли 2018 ба сифати мушовири роҳбари Хадамоти федералии давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва харитасозӣ фаъолият намудааст.

Моҳи ноябри соли 2018 директори Муассисаи давлатии федералии буҷетии «ФКП Росреестр» таъин мешавад. То ин дам ин муассисаро Костантин Литвинтсев роҳбарӣ мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.