Tcell Бобои барфии ҳақиқиро муаррифӣ мекунад – он бунафшранг аст!

Ширкати Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: ҳамин ҳоло ҳақиқат дар бораи Бобои барфии ҳақиқӣ маълум шуд- вай бунафшранг аст! Ва танҳо ӯ  тӯҳфаҳои ҳақиқиро инъом мекунад.    Дар саросари олам дар арафаи Соли нав ба назди одамони меҳрубону хушбахт Бобои барфӣ меояд. Тибқи анъана, Санта Клаус бо костюми сурх ва риши сафеди дароз ва […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: ҳамин ҳоло ҳақиқат дар бораи Бобои барфии ҳақиқӣ маълум шуд- вай бунафшранг аст! Ва танҳо ӯ  тӯҳфаҳои ҳақиқиро инъом мекунад.  

 Дар саросари олам дар арафаи Соли нав ба назди одамони меҳрубону хушбахт Бобои барфӣ меояд. Тибқи анъана, Санта Клаус бо костюми сурх ва риши сафеди дароз ва ё Бобои барфии русӣ бо либосҳои обӣ (кабуд) ҳамроҳи наберааш Барфак (Снегурочка) вориди хонаву кошонаи шумо мешаванд. Дар Ӯзбекистони ҳамсоя Бобои барфи ҷомаи рах-рах мепӯшаду тоқии сурх дорад. Дар Қирғизистон бошад, либоси Бобои барфӣ сафеди нақшдор аст, аммо дар Гурҷистон ӯ ранги сафед ва сиёҳро авлотар медонад.    

Имсол Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст! Ва фақат ӯ ҳадяи беҳтарину ҳақиқиро пешниҳод мекунад- гуфтугӯи бемаҳдуд дар тамоми соли 2019!

Бобои барфии бунафшранг меҳмони сокинони Душанбе, Хуҷанд, Бохтар (собиқ Қӯргонтеппа), Кӯлоб, Турсунзода ва Хоруғ гардида, ба ҳамагон тӯҳфаҳои арзишманду ҳақиқиро пешниҳод менамояд! Бобои барфӣ дар фурӯшгоҳҳои бузург, раставу бозор, хиёбон ва ҷойҳои серодам пайдо шуда, бо сокинон сайру гашт хоҳад кард.

Ҳангоми вохӯрӣ бо Бобои бунафшранг зарур аст рамзеро ном баред, ки дар ҳама саҳифаҳои Тселл дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиои “Love Radio” эълон хоҳад шуд. Барои ироаи рамз (посух)-и дуруст, Бобои барфӣ тӯҳфа- “Солонаи бемаҳдуд”-ро ба сокинон тақдим менамояд

«Солонаи белимит 2019» аз Tcell – ин суҳбати бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет давоми соли 2019 аст.

Шонс (имконият)-и пайваст шудан ва ё тӯҳфа кардани хизматрасонии “Солонаи белимит 2019”-ро аз даст надиҳед! Аз эълону навгониҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, VK, OK, Viber ва Telegram, инчунин радиои “Love Radio”-ро пайгирӣ намоед, рамзро дар ёд дошта бошед ва ҳангоми рӯбарӯ шудан бо Бобои барфии Бунафшранг онро гуфта, соҳиби ҳадяи арзишманд- иртиботи бемаҳдуд аз Tcell шавед!

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/
Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/
VK: https://vk.com/tcell
OK: https://ok.ru/tcell.tj
___________________

 –  Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.