Содироти семент аз Тоҷикистон аз 1 млн. тонна зиёд шуд

Тӯли 10 моҳи соли равон маҳсулоти корхонаҳои сементи Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 1,1 млн. тонна ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя ворид шуд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30% зиёдтар мебошад. Аз ҷумла 670 ҳазор тонна семент – ба Ӯзбекистон, 423 ҳазор тонна – ба Афғонистон ва 80 ҳазор тонна – ба Қирғизистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли 10 моҳи соли равон маҳсулоти корхонаҳои сементи Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 1,1 млн. тонна ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя ворид шуд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30% зиёдтар мебошад.

Аз ҷумла 670 ҳазор тонна семент – ба Ӯзбекистон, 423 ҳазор тонна – ба Афғонистон ва 80 ҳазор тонна – ба Қирғизистон содирот шудааст, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Дар содироти семент ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” 32,6 % (аз ҳаҷми умумии содирот), “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 24,2 %, “Чунгтсай Моҳир семент” 38,5 % саҳмгузорӣ намудаанд.

Давоми 10 моҳи соли гузашта Тоҷикистон 842 ҳазор тонна ва ҳамин давраи соли 2016 ҳамагӣ каме бештар аз 282 ҳазор тонна семент содирот карда буд.

Тоҷикистон ба содироти семент ба кишварҳои ҳамсоя соли 2015 шурӯъ намуда буд: ҳамон сол семент дар ҳаҷми ҳамагӣ наздики 500 тонна ба хориҷи кишвар фурӯхта шуд.

Истеҳсоли семент

Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ корхонаҳои Тоҷикистон дар мамӯъ 3,2 млн. тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28% зиёдтар мебошад. Давоми 10 моҳи соли 2017 дар ҷумҳурӣ 2,5 млн. тонна семент истеҳсол шуда буд.

Қариб 90%-и истеҳсоли семент ба корхонаҳои дар боло зикршудаи Тоҷикистону Чин – «Чунгтсай Моҳир семент» (30,9% аз ҳаҷми умумии содирот), «Хуаксин Ғаюр семент» (28,1%) ва «Хуаксин Ғаюр Суғд» (25,9%) рост меояд. Ҳиссаи корхонаи “Сементи тоҷик”-и пойтахт ҳамагӣ 6,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил медиҳад.

Тайи солҳои охир Тоҷикистон тавассути роҳандозии иқтидорҳои нави муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли сементро ба таври назаррас афзуд. Тӯли ҳашт соли охир сармоягузорони Чин ба Тоҷикистон дар қариб даҳ баробар зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли семент кумак карданд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи онҳо 4,7 млн. тонна арзёбӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио