Дархости шарҳи марги тоҷикистонӣ дар Маскав аз вазири корҳои дохилии Русия

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҷиҳати шарҳ додани сабаби марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон Илҳомуддин Шоев ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи полиси ноҳияи Вешнякии шаҳри Москва ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Владимир Колоколсев барқия ирсол намуд. Дар барқия ҳамчунин дархост мешавад, ки санҷиши қазияи мазкур зери назорат қарор дода шавад. Ёдрас […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҷиҳати шарҳ додани сабаби марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон Илҳомуддин Шоев ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи полиси ноҳияи Вешнякии шаҳри Москва ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Владимир Колоколсев барқия ирсол намуд.

Дар барқия ҳамчунин дархост мешавад, ки санҷиши қазияи мазкур зери назорат қарор дода шавад.

Ёдрас мекунем, ки марди 36-сола, шаҳрванди Тоҷикистон дар шуъбаи умури дохилии “Вешняки” воқеъ дар шарқи шаҳри Маскав зимни бозпурсӣ ҳалок шуд. Табибони “ёрии таъҷилӣ” марги ӯро тасдиқ намуда, пешакӣ сабаби онро бемории заъфи шадиди дилу раг унвон карданд.

Аз рӯи ин далел санҷиши хизматӣ оғоз шуд, хабар дода буд қаблан ба “Лента.ру” намояндаи Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав Максим Колосветов.

Бо завлонаҳо дар даст аз курсӣ афтид

Санаи 21 ноябр кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ дар ҳамдастӣ бо дастаи махсуси зудамал (СОБР) дар кӯчаи Никитинская дар доираи парвандаи ҷиноӣ дар бораи ғоратгарӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд 18 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт мекунанд. Байни онҳо Илҳомуддин Шоев низ ҳузур дошт.

Зикр гардида буд, ки байни боздоштшудагон марди 38-солае низ ҳузур дошт, ки бо сабаби муқовиматаш ба кормандони пулис ба дастонаш завлона зада буданд. Дар кабинети хизматии шуъбаи умури дохилӣ ӯ ногаҳон худро бад ҳис намуда, аз курсии нишастааш ба замин афтид ва пас аз он фавтид. Табибони “ёрии таъҷилӣ” марги ӯро тасдиқ намуда, пешакӣ сабаби онро бемории заъфи дилу раг унвон карданд.

Наздикони марҳум ба пулиси Русия бовар надоранд

Дар ҳамин ҳол, Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, писараш аз соли 2015 барои пулкоркунӣ ба Русия меравад: “Чанде қабл Илҳомиддин занг зада, хабар дода буд, ки ояндаи наздик ба хона бармегардад”.

Ӯ бовар надорад, ки писараш дар ғоратгарӣ даст дошта бошад. Шарофиддин Шоев ба фарзияи сабаби марги мақомоти пулис низ бовар надорад.

Гуфта мешавад, дар маросими дафни Илҳомиддин Шоев мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Афроде, ки ҷасади Илҳомиддинро шустанд, осори зарбу латро дар тани ӯ тасдиқ карданд. Абдураҳим Самадов, сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, "захмҳо дар рӯ, пушти сар ва дар дасташ буд. Дар тарафи дил ва дар кафи пойҳояш ҳам.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.