Сангинтар шудани ҷазо барои ташкили фоҳишахонаҳо дар Тоҷикистон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятӣ бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид. Дар ин тағйироту иловаҳо сангинтар шудани ҷазо барои ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо пешбинӣ шудааст. Зимни суханронӣ дар парлумон вакил Бахтовар Сафарзода изҳор намуд, ки минбаъд барои такроран боздошт шудан моликони фоҳишахонаҳо ба муҳлати аз 5 то 8 сол аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятӣ бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид. Дар ин тағйироту иловаҳо сангинтар шудани ҷазо барои ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронӣ дар парлумон вакил Бахтовар Сафарзода изҳор намуд, ки минбаъд барои такроран боздошт шудан моликони фоҳишахонаҳо ба муҳлати аз 5 то 8 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Қаблан чунин ҷазо пешбинӣ нагардида буд. То имрӯз дар Кодекси ҷиноятӣ барои ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, қонунгузории Тоҷикистон барои машғул шудан ба фоҳмишаграӣ ҷазо муқаррар накардааст. Дар ҷумҳурӣ фоҳишагарӣ ҷиноят шуморида нашуда, қонуншикании маъмурӣ маҳсуб меёбад.

Тирамоҳи соли 2015 парлумони кишвар ҷазо барои занонеро, ки ба фоҳишагарӣ машғуланд, сахттар кард: онҳоро метавонанд ба муҳлати то 15 шабонарӯз ҳабс кунанд.

Мувофиқи тағйирот ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, агар фоҳиша давоми як сол ду маротиба боздошт шавад, ӯ дар ҳаҷми аз 800 то 1000 сомонӣ (85-106 доллар) ҷарима мешавад ё аз 10 то 15 шабонарӯз мавриди ҳабси маъмурӣ қарор мегирад. То сахт шудани ҷазо онҳо аз 400 то 800 сомонӣ (43-85 доллар) ҷарима пардохт мекарданд.

Қаблан Кумитаи СММ зидди поймолкунии ҳуқуқҳои занон аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват намуд, ки ҷазо барои фоҳишагариро бекор кунанд.

Дар ҷаласаи Женева узви кумита хонум Жаҳон аз роҳбари ҳайати Тоҷикистон, прокурори генералӣ пурсидааст, ки ҳукумат дар ин самт чӣ тадбирҳо андешидааст. Юсуф Раҳмон посух додааст, ки “дар Тоҷикистон фоҳишагарӣ ҷиноят шуморида нашуда, қонуншиукании маъмурӣ маҳсуб меёбад, лекин барои даллаву миёнаравон, ки ба ташкили фоҳишахонаҳо машғуланд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст”.

Дар навбати ъхуд, аъзои Кумитаи СММ исрор варзидаанд, ки Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷазо барои фошиҳагариро пурра бекор намояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.