Дастоварди теннисбозони навраси тоҷик дар Малайзия

Теннисбозони навраси тоҷик Ёсуман Салимова ва Диана Иванихина дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Малайзия ба медалҳо соҳиб шуданд. Ёсуман Салимова дар дараҷаи синни то 10-сола то бозии финалӣ расида, лекин аз теннисбоздухтари Малайзия шикаст хӯрд ва ба медали нуқра сазовор гардид. Дар дараҷаи синни то 15-сола Диана Иванихина медали биринҷӣ ба даст овард: ӯ дар бозӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Теннисбозони навраси тоҷик Ёсуман Салимова ва Диана Иванихина дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Малайзия ба медалҳо соҳиб шуданд.

Ёсуман Салимова дар дараҷаи синни то 10-сола то бозии финалӣ расида, лекин аз теннисбоздухтари Малайзия шикаст хӯрд ва ба медали нуқра сазовор гардид.

Дар дараҷаи синни то 15-сола Диана Иванихина медали биринҷӣ ба даст овард: ӯ дар бозӣ барои роҳ ёфтан ба даври финалӣ аз ҳамсолаш аз Чин шикаст хӯрд.

Айни замон мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба теннис таҳти роҳбарии сармураббии дастаи миллӣ Абдурасул Муҳиддинов дар Малайзия қарор доранд. Дар ин ҷо теннисбозон давраҳои тамрину омодагӣ гузаронида, таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии теннис дар якчанд мусобиқаҳо иштирок мекунанд. Имтиёзҳои гирифта дар ин мусобиқаҳо дар рейтинги байнулмилалӣ ба инобат гирифта мешаванд. Лекин аллакай кайҳост, ки теннисбозони Тоҷикистон ба ин рейтинг шомил нестанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Ахмет Алмовов, Ёсуман Салимова, Диана Иванихина, Хушбахт Каримов,  Исамҷон Шарифов ва Аминҷон Абдуллоев иборат аст Рӯзҳои 29-30 ноябр онҳо дар дигар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Малайзия ширкат меварзанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.