Ҷазо ба табибон барои хунукназарӣ нисбати бемор сангинтар мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ тасдиқ намуд, ки мувофиқи он ҷазо ба табибон барои номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ сангинтар шуд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода зимни суханронӣ назди вакилон изҳор намуд, ки тибқи тағйироту иловаҳои қабулшуда ба моддаи 129 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Аз ҷониби […]

Aваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ тасдиқ намуд, ки мувофиқи он ҷазо ба табибон барои номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ сангинтар шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода зимни суханронӣ назди вакилон изҳор намуд, ки тибқи тағйироту иловаҳои қабулшуда ба моддаи 129 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ), ҷазо барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби кормандони тиббӣ сахттар мешавад.

“Барои муносибати хунукназарона ва бепарвоёна нисбати беморон, ки ба расонидани зарар ба солимии онҳо боис мегардад, табибон метавонанд ба муҳлати то 8 сол (айни замон 5 сол) аз озодӣ маҳрум шаванд”, – қайд кард вазир.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи вазир, кормандони тиббӣ, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн минбаъд барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ, ки ба бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон боис мегардад, метавонанд ба муҳлати то 10 сол (айни замон то 5 сол) аз озодӣ маҳрум карда шаванд.

Насим Олимзода зикр кард, ки ҳамчунин минбаъд дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ё дорусозӣ ба муҳлати то 12 сол (ҳозир то 8 сол) ҷазо муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки зимни машварти кории чанде қабл вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳор намуда буд, ки ёрии аввалияи тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият, ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.