Дар ВМКБ сарбоз афсарро ҳадафи тир қарор дод

Дар яке аз дидбонгоҳҳои дастаи сарҳадбонони Хоруғ санаи 9 декабр ҳодисаи фоҷеабор рух дод: аз аслиҳаи хизматии худ – автомати Калашников сарбоз лейтенати 22-соларо парронд, ки дар натиҷа афсар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд. Сарбоз боздошт шудааст. Як манбаъ дар сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки аз рӯи далели […]

Аваз Юлдошев

Дар яке аз дидбонгоҳҳои дастаи сарҳадбонони Хоруғ санаи 9 декабр ҳодисаи фоҷеабор рух дод: аз аслиҳаи хизматии худ – автомати Калашников сарбоз лейтенати 22-соларо парронд, ки дар натиҷа афсар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд. Сарбоз боздошт шудааст.

Як манбаъ дар сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки аз рӯи далели куштори афсар бо истифода аз аслиҳаи оташфишон дар Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон тафтишот оғоз шуда, сабабҳои ин ҳодисаи фоҷеабор мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар маркази матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон аз шарҳу тавзеҳи маълумоти мазкур худдорӣ варзиданд.

“Ҳа, ин ҳодиса рух дод”, – изҳор доштанд ба “Азия-Плюс” дар маркази матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ, вале шарҳи ҷузъиёти онро рад карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.