Муждаи геологҳои тоҷик аз кашфиёти нав дар арафаи иди касбӣ

Date:

Чанде пеш олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоқисиктон дар якҷоягӣ бо кормандони Осорхонаи минерологии ба номи А. Ферсмани Академияи илмҳои Россия зимни корҳои муштараки илмӣ – саҳроӣ аз ҳудуди мамлакат ду минерали нав бо номи «Фалғарит» ва «Бадахшонит»-ро кашф намуданд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба директори Институт Илҳом  Оймуҳаммадзода, минерали «Фалғарит- K4(VO)3(SO4)5» дар натиҷаи корҳои муштараки илмию тадқиқотии саҳроӣ дар мавзеи Кӯҳи Малик, соҳили рости дарёи Яғноб аз ҷониби муҳаққиқон Л.А. Паутов, М.А.Мираков, О.И.Сидра, Е.В. Назарчук, А.Р. Файзиев ва В.Я. Карпенко ошкор карда шудааст.

Гуфта мешавад, минерали «Бадахшонит (Y)  — Y2Mn4Al(Si2B7BeO24)» дар қисмати шарқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби олимони тоҷик ва Осорхонаи минерологии ба номи А.Е.Ферсмани Академияи илмҳои Россия дар натиҷаи корҳои муштараки илмию тадқиқотии саҳроӣ дар километри 45-уми шарқи ноҳияи Мурғоби ВМКБ (пегматити Дорожний) кашф карда шудааст. Муаллифони он Л.А. Паутов, М.А.Мираков, К.А.Фернандо, Е.Соколова, С.Х.Франк, М.А. Шодибеков ва В.Я. Карпенко мебошанд. Минералҳои «Фалғарит» ва «Бадахшонит»  вобаста ба мавзеи пайдоишашон номгузорӣ шудаанд.

«Комиссия  оид ба маъданҳои  нав ва Ассотсиатсияи  байналмилалии  минерологҳо «Фалғарит» ва «Бадахшонит»-ро аллакай тасдиқ ва эътироф намуданд. Як қисми корҳои лабораторӣ вобаста ба муайян намудани хосиятҳои физикӣ, химиявӣ, минералогӣ ва кристаллографии минералҳои кашфкардашуда дар озмоишгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида шудааст. Корҳои омӯзишӣ дар ин самт идома доранд ва эҳтимол аст, ки муҳаққиқон дар ин мавзеъҳо боз навъҳои дигари маъданро пайдо намоянд», – гуфтааст директори Институт.

Зимнан зикр мегардад, ки то имрӯз дар ҷаҳон 5336 намуди минералҳо муйян карда шуда, ҳамасола комиссия оид ба минералҳои  нав даҳҳо навъи минералро эътироф ва қабул менамояд.

Қобили зикр аст, ки олимони Тоҷикистон то имрӯз беш аз 30 минерали нав пайдо намудаанд, ки «Тоҷикит», «Сурхобит», «Тиёншонит», «Баротовит», «Дӯсматовит», «Дараипиёзит», «Файзиевит», «Ғармит» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...