Нигаронии сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ аз бастани сомонаҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон

Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мунтазам баста шудани сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла «Азия Плюс», «Радиои Озодӣ», ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ менамоянд. “Мо боварӣ дорем, ки ҳуқуқи ҳар як шахс барои озодона баён намудани фикру ақидаи худ умумиҷаҳонӣ буда, аз истифодаи он […]

Asia-Plus

Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мунтазам баста шудани сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла «Азия Плюс», «Радиои Озодӣ», ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ менамоянд.

“Мо боварӣ дорем, ки ҳуқуқи ҳар як шахс барои озодона баён намудани фикру ақидаи худ умумиҷаҳонӣ буда, аз истифодаи он дар майдони ҷамъиятӣ ва ё интернет вобастагӣ надорад”, – омадааст дар изҳороти нашршуда дар сомонаи сафорати ИМА дар ҶТ.

Сафоратҳо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки озодии матбуотро дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таъмин намояд.

“Мо боварӣ дорем, ки пешрафти дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон масъулияти пурраи ҳукуматро ҷиҳати ҳифзи озодии сухан, озодии васоити ахбори умум ва ҳуқуқи рӯзноманигорон барои бе тарсу сензура ва ё беҷазо кор карданро талаб менамояд”, – таъкид мешавад дар изҳорот.

Ғайр аз ин, қайд мешавад дар изҳорот, дастрасӣ ба интернети босуръат ва бо нархи дастрас барои рушди иқтисодии ҳар як кишвар бисёр муҳим аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.