Эълони “рекордсмен”-и риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон “рекордсмен”-и вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар соли ҷорӣ эълон кард. Бино ба маълумоти Раёсати БДА, соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи “Форланд” 376 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардааст. Автомашинаи мазкур дар тавозуни Муассисаи давлатии хизматрасониҳои коммуналии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор дорад. Барои 376 маротиба қоидавайронкунӣ дар роҳ […]

Аваз Юлдошев

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон “рекордсмен”-и вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар соли ҷорӣ эълон кард.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА, соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи “Форланд” 376 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардааст. Автомашинаи мазкур дар тавозуни Муассисаи давлатии хизматрасониҳои коммуналии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор дорад. Барои 376 маротиба қоидавайронкунӣ дар роҳ ронандаи ин автомашина боре ҳам маблағи ҷаримаро пардохт накардааст.

Байни сокинони шаҳри Душанбе аз лиҳози риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ Неъматулло Мавзудов, сокини ноҳия Шоҳмансур “пешсаф” аст, ки бо автомашинаи шахсии тамғаи “Опел Астра” 178 маротиба ба қонуншиканӣ зимни ҳаракат дар роҳҳо даст зада, ӯ низ ягон маротиба маблағи ҷарима напардохтааст. Ҳамаи қонуншиканиҳо дар камераҳои мушоҳидаи видеоии лоиҳаи “Шаҳри бехатар сабт шудааст.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар пойтахт 31 октябри соли 2014 мавриди амал қарор гирифта, дар доираи он дар тамоми роҳҳои пйтахт 870 адад камераҳои сабти видеоӣ насб шуданд.

Маблағи амалисозии лоиҳа 22 млн. доллар арзёбӣ шуда, аз ин миқдор 20,9 млн. доллар – қарзи дарозмуҳлати Чин ва боқимонда 1,1 млн. доллар ҳиссаи Тоҷикистон аст. Зикр гардида буд, ки муддати 20 сол ин қарз аз ҳисоби ҷаримаҳои пардохтшуда барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пардохта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.