Ҳадафи тир қарор гирифтани донишҷӯи тоҷик дар хобгоҳи Маскав

Дар Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия рӯзи 17 декабр як гурӯҳи донишҷӯён боздошт шуданд, ки ба дарафтодану муноқиша бо донишҷӯ аз Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд. Онҳо ингушҳо будаанд. Сабаби ҳамла зикр намешавад. “Донишҷӯён аз Ингушистон ба донишҷӯи тоҷик ба муноқиша пардохта, ӯро лату кӯб ва аз таппончаи ҷароҳатбор (травматический) ба сӯи ӯ тир холӣ кардаанд. […]

Дар Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия рӯзи 17 декабр як гурӯҳи донишҷӯён боздошт шуданд, ки ба дарафтодану муноқиша бо донишҷӯ аз Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд. Онҳо ингушҳо будаанд. Сабаби ҳамла зикр намешавад.

“Донишҷӯён аз Ингушистон ба донишҷӯи тоҷик ба муноқиша пардохта, ӯро лату кӯб ва аз таппончаи ҷароҳатбор (травматический) ба сӯи ӯ тир холӣ кардаанд. Ӯ ба мақомоти пулис ариза навишт”, – гуфтааст ба lenta.ru муовини роҳбари донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Юрий Панов.

Дар бораи худ донишҷӯ аз Тоҷикистон ВАО чизе хабар намедиҳанд: на дар бораи вазъи солимӣ ва на доир ба сабабҳои дарафтодани ҳамсабақон ба ӯ.

Гуфта мешавад, кормандони пулис ва Росгвардия рӯзи 17 декабр ба хобгоҳи донишгоҳ омада, ба қавли шоҳидон, дари ҳуҷраҳоро шикаста, соҳибманзилонро бо либоси таг ба долон баровардаанд. Онҳоро рӯи фарш хобонда, чандеро бо чӯбдаст лату кӯб кардаанд. Дар донишгоҳ инро “тадбирҳои пешгирии қонуншиканӣ” номидаанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии доимии Ингушистон дар шаҳри Маскав, зимни санҷишу кофтуков наздики 40 нафар донишҷӯён аз ин ҷумҳурӣ ва ҳамчунин донишҷӯён аз дигар минтақаҳои Қафқози Шимолӣ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, шоми рӯзи 17 декабр ҳамаи боздоштшудагонро ҷавоб додаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст доштани ингушҳоро ба муноқишаву лату кӯб мавриди санҷиш қарор дода, раҳбарияти донишгоҳ онҳоро хориҷ карданӣ нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.