Давоми сол қарзи корхонаҳои Тоҷикистон 2,2 млрд. доллар афзуд

Қарзи умумии корхонаҳои бузург ва миёнаи Тоҷикистон тайи соли охир қариб ба миқдори 21 млрд. сомонӣ (2,2 млрд. доллар) зиёд шуд. Ба санаи 1 октябри соли 2018 қарзи умумии корхона ва ташкилотҳо (бидуни назардошти тиҷорати хурд) аз рӯи уҳдадориҳо ба 63,4 млрд. сомонӣ (6,7 млрд. доллар) баробар шуд, ки нисбат ба санаи 1 октябри соли […]

Қарзи умумии корхонаҳои бузург ва миёнаи Тоҷикистон тайи соли охир қариб ба миқдори 21 млрд. сомонӣ (2,2 млрд. доллар) зиёд шуд.

Ба санаи 1 октябри соли 2018 қарзи умумии корхона ва ташкилотҳо (бидуни назардошти тиҷорати хурд) аз рӯи уҳдадориҳо ба 63,4 млрд. сомонӣ (6,7 млрд. доллар) баробар шуд, ки нисбат ба санаи 1 октябри соли 2017 – 20,7 млрд. сомонӣ бештар аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти ҶТ. Аз ҷумла, наздики 1 млрд. сомонро қарзҳои батаъхирафтода ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии уҳдадориҳои қарзӣ назди ин корхонаҳо (қарзи дебиторӣ) ҳамагӣ каме бештар аз 20,1 млрд. сомонӣ ва вазни хоси корхонаҳои зиёновар дар шумори умумӣ ҳудуди 28%-ро ташкил додааст.

Корхонаҳои зиёновар аз ҳама бештар дар соҳаҳои саноати коркард (27,6% аз шумори умумӣ), сохтмон (14,7%), нақлиёт, хоҷагии анбор ва алоқа (7,5%) ба қайд гирифта шудааст.

Қарздори рақами 1

Қариб чоряки ҳисса аз қарзи умумии корхонаҳо ба ширкати “Барқи тоҷик” рост меояд, ки дар маҷмӯъ (бо назардошти воситаҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ) зиёда аз 15 млрд. сомонӣ қарздор мебошад.

Ширкати байнулмилалии консалтингии Moore Stephens аз рӯи натиҷаҳои аудит (санҷиш)-и ҳисоботнокии “Барқи тоҷик” дар соли 2017 қайд карда буд, ки соли гузашта ширкат аз фаъолияташ дар ҳаҷми беш аз 3,4 млрд. сомонӣ (беш аз 300 млн. доллар) зиён дида, бар замми ин, уҳдадориҳои молиявии холдинг нисбат ба дороиҳои кӯтоҳмуддат 8,5 миллиард сомонӣ бештар аст.

Аудиторон ба хулосае расида буданд, ки бидуни дастгирии молӣ аз ҷониби давлат, “Барқи тоҷик” минбаъд ба идомаи фаъолият қодир нахоҳад буд.

Ҳамчунин нимаи ҳамин сол мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатиро аз ҷумлаи хатарҳои асосӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мансуб дониста, дар навбати аввал аз қарзҳои андози корхонаҳои бузурги ҷумҳурӣ нигаронӣ изҳор намуда буданд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.