Вазорати маориф: Соли навро дар мактаб ҷашн гирифтан мумкин аст, лекин хоксорона

Date:

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон чанд рӯз пеш аз фарорасии Соли нав изҳор намуд, ки ҷашн гирифтани Соли навро дар мактабҳо ҳеҷ гоҳ манъ накардааст, аммо онҳо мухолифи исрофкорӣ дар он мебошанд.

“Имсол дар ин хусус дастурҳои нав содир нашудааст ва Соли навро дар мактабҳо мутобиқи дастуру супоришҳои пешина ҷашн мегиранд”, – қайд карданд дар Вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки дар маҷмӯъ ҳеҷ гоҳ баргузор намудани чорабиниҳои солинавӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ манъ нашудааст.

“Мо ҳамеша мухолифи исрофкориву харҷҳои беҳуда, ҷамъоварии пул ва буридани ниҳоли дарахтон изҳори назар мекунем. Дар дастурҳои пешина низ дар ин бора сухан меравад, лекин дар онҳо доир ба манъи пурра чизе гуфта нашудааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” дар ин робита Эҳсони Хушбахт, котиби матбуотии Вазорат.

Ӯ овозаҳои ҷойдоштаро дар мавриди ҷашни Соли нави имсола танҳо дар синф ва мактабҳои русӣ рад намуд.

“Ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. Дар ин бора ҳеҷ дастуре содир нашудааст. Бори дигар таъкид мекунам, ки дар ҳеҷ куҷо баргузор намудани арчаи солинавӣ манъ нест: дар мактабҳои ҳам русиву ҳам тоҷикӣ Соли нав бояд мувофиқи дастурҳои пешин, яъне бидуни исрофкорӣ ва ҷамъоварии пул ҷашн гирифта шавад”, – афзуд ӯ.

Охири соли гузашта Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки бо дархости падару модарон дар мактабҳои таҳсилоту умумӣ гузоштани арчаи солинавро қатъиян манъ кард.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...