Вазорати маориф: Соли навро дар мактаб ҷашн гирифтан мумкин аст, лекин хоксорона

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон чанд рӯз пеш аз фарорасии Соли нав изҳор намуд, ки ҷашн гирифтани Соли навро дар мактабҳо ҳеҷ гоҳ манъ накардааст, аммо онҳо мухолифи исрофкорӣ дар он мебошанд. “Имсол дар ин хусус дастурҳои нав содир нашудааст ва Соли навро дар мактабҳо мутобиқи дастуру супоришҳои пешина ҷашн мегиранд”, – қайд карданд дар […]

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон чанд рӯз пеш аз фарорасии Соли нав изҳор намуд, ки ҷашн гирифтани Соли навро дар мактабҳо ҳеҷ гоҳ манъ накардааст, аммо онҳо мухолифи исрофкорӣ дар он мебошанд.

“Имсол дар ин хусус дастурҳои нав содир нашудааст ва Соли навро дар мактабҳо мутобиқи дастуру супоришҳои пешина ҷашн мегиранд”, – қайд карданд дар Вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки дар маҷмӯъ ҳеҷ гоҳ баргузор намудани чорабиниҳои солинавӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ манъ нашудааст.

“Мо ҳамеша мухолифи исрофкориву харҷҳои беҳуда, ҷамъоварии пул ва буридани ниҳоли дарахтон изҳори назар мекунем. Дар дастурҳои пешина низ дар ин бора сухан меравад, лекин дар онҳо доир ба манъи пурра чизе гуфта нашудааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” дар ин робита Эҳсони Хушбахт, котиби матбуотии Вазорат.

Ӯ овозаҳои ҷойдоштаро дар мавриди ҷашни Соли нави имсола танҳо дар синф ва мактабҳои русӣ рад намуд.

“Ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. Дар ин бора ҳеҷ дастуре содир нашудааст. Бори дигар таъкид мекунам, ки дар ҳеҷ куҷо баргузор намудани арчаи солинавӣ манъ нест: дар мактабҳои ҳам русиву ҳам тоҷикӣ Соли нав бояд мувофиқи дастурҳои пешин, яъне бидуни исрофкорӣ ва ҷамъоварии пул ҷашн гирифта шавад”, – афзуд ӯ.

Охири соли гузашта Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки бо дархости падару модарон дар мактабҳои таҳсилоту умумӣ гузоштани арчаи солинавро қатъиян манъ кард.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.