Собиқ раиси ВМКБ бо ифтихорномаи Маҷлиси миллӣ сарфароз гардонида шуд

Собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед имрӯз бо хоҳиши худ ваколатҳояшро аз узвият дар палатаи болии парлумон супурд. Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Душанбе Шодихон Ҷамшед бо ифтихорномаи палатаи болии парлумони ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуд. Нимаи моҳи ноябр Шодихон Ҷамшед бо қарори ҳукумат муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии […]

Собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед имрӯз бо хоҳиши худ ваколатҳояшро аз узвият дар палатаи болии парлумон супурд.

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Душанбе Шодихон Ҷамшед бо ифтихорномаи палатаи болии парлумони ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуд.

Нимаи моҳи ноябр Шодихон Ҷамшед бо қарори ҳукумат муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин шуда, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ба ишғоли ҳама гуна сатҳи курсии вакилӣ дигар ҳуқуқ надорад.

Бино ба иттилои як манбаъ, ба курсии холии вакил дар Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ ва ҳамзамон муовини раиси палатаи болии парлумон номзадии санаи 1 октябр ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ таъиншуда Ёдгор Файзов пешбарӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷнафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб намуда, 8 нафар аъзои палатаи болоии парлумон бо фармони президент таъин мешаванд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.