Тавсияи эҳтиёткорӣ ба амрикоиҳо зимни ҷашнҳои солинавӣ дар Тоҷикистон

Сафоратхонаи ИМА дар Душанбе ба ҳамаи амрикоиҳои муқими Тоҷикистон ҳушёрии ҷиддиро ҳангоми ҷашнҳои солинавӣ маслиҳат додааст. Хадамоти амнияти намояндагии дипломатии ИМА ба шаҳрвандони худ тавсия медиҳад, ки зимни ҷашнгирии Соли нав дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо, меҳмонхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҳушёриву эҳтиёт кор гиранд, хабар дода мешавад дар сомонаи сафоратхона. Ҳамчунин ба амрикоиҳо тавсия дода мешавад, […]

Asia-Plus

Сафоратхонаи ИМА дар Душанбе ба ҳамаи амрикоиҳои муқими Тоҷикистон ҳушёрии ҷиддиро ҳангоми ҷашнҳои солинавӣ маслиҳат додааст.

Хадамоти амнияти намояндагии дипломатии ИМА ба шаҳрвандони худ тавсия медиҳад, ки зимни ҷашнгирии Соли нав дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо, меҳмонхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҳушёриву эҳтиёт кор гиранд, хабар дода мешавад дар сомонаи сафоратхона.

Ҳамчунин ба амрикоиҳо тавсия дода мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз истеъмоли зиёди машрубот худдорӣ намоянд. Ғайр аз ин, аз онҳо даъват шудааст, ки аз ҷойҳои сериздиҳоми мардум худро канор гирифта, ботаҳаммул бошанд.

Сафорат хотиррасон менамояд, ки санаи 29 июли соли равон дар Тоҷикистон террористон ба сайёҳон ҳамла намуда, 4 нафар, аз ҷумла 2 шаҳрванди ИМА-ро куштанд.

Ба шаҳрвандони ИМА ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки дар сурати зарурат ба сафоратхонаи кишвар дар Душанбе муроҷиат намоянд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.