Дарёфти ҷасади Раҷабмо Исоева бо 3 кӯдакаш аз зери харобаҳо

Баъди се рӯзи фурӯравии як қисмати бинои баландошёна дар Магнитогорск аз зери харобаҳои он ҷасадҳои тоҷикистониён – модар ва се кӯдакаш дарёфт шуд. “Часади Раҷабмо Исоева ва се кӯдакаш дарёфт шуд. Хешовандонашон онҳоро шинохтанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Сайфулло Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург. Бино ба гуфтаи ӯ, ҷасадҳои онҳо шаби гузашта дарёфт […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Баъди се рӯзи фурӯравии як қисмати бинои баландошёна дар Магнитогорск аз зери харобаҳои он ҷасадҳои тоҷикистониён – модар ва се кӯдакаш дарёфт шуд.

“Часади Раҷабмо Исоева ва се кӯдакаш дарёфт шуд. Хешовандонашон онҳоро шинохтанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Сайфулло Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҷасадҳои онҳо шаби гузашта дарёфт шуда, танҳо ҳамин рӯз пайвандонашонро барои муайян кардани шахсияти ҷасадҳо даъват кардаанд. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки айни замон масъалаи ба ватан фиристодани ҷасадҳо мавриди баррасӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик ҷасадҳояшон ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки падари ин хонавода – сокини 26-солаи ноҳияи Кӯшониён Шуҳрат Улфатовро аз аввалинҳо шуда, дар зери харобаҳои бино дарёфтанд. Ӯ дар беморхонаи вилояти Челябинск бистарӣ аст.

Бино ба маълумоти охир, аз оғози амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ 43 нафар аз зери харобаҳо берун гирифта шудаанд, ки 37 нафарашон, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон ҳалок ва 6 нафари дигар, аз ҷумла ду нафар кӯдакон наҷот дода шудаанд. Макони будубоши боз 4 нафари дигар муайян карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 31 декабр яке аз даромадгоҳҳои бинои баландошёна дар Магнитогорск фурӯ рехт. Фарзияи пешакии рух додани ҳодиса таркиши газ унвон мешавад. Бар асари он 48 манзил осеб дид.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.