Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар зодгоҳаш ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад.
Тавре наздикони ин ҳомии ҳуқуқ ба “АП” иттилоъ доданд, Файзинисо Воҳидова рӯзҳои охир аз сулфа ранҷ мебурд, аз ин сабаб ба табибон муроҷиат намуд. Аммо духтурон чӣ гуна ташхис гузоштанд ва сабаби марги ӯ чӣ буд, маълум нест.
Файзинисо Воҳидова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москваро хатм намудааст. Аз соли 1995 то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ ҳамчун адвокат фаъолият дошт. Ӯ аз камтарин ҳомиёни ҳуқуқ ба ҳисоб мерафт, ки ба мухолифони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва қурбониёни хушунат ёрии ҳуқуқӣ мерасонид.
Файзинисо Воҳидова ошкоро масъулини давлатиро интиқод менамуд ва муқобили фасод дар ниҳоди судии кишвар мубориза мебурд. Соли 2011 ӯ ҳуқуқҳои рӯзноманигори радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Тоҷикистон Ӯрунбой Усмоновро, ки ба ҳамкорӣ бо ташкилоти мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир айбдор мешуд, дар мурофиаҳои судӣ ҳимоя намуд. Оқибат журналистро зери фишори ҷомеаи шаҳрвандии дохилӣ ва хориҷӣ авф намуданд.


