Дар Шветсия баррасии парванда оид ба терроризм нисбати зодагони Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд

Додгоҳи Шветсия баррасии парвандаи "сармоягузорони Давлати исломӣ"-ро аз Осиёи Марказӣ оғоз кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, шаш шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Қирғизистон, ки дар Шветсия зиндагӣ мекунанд, бо ҷурми дастгирии молии гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ИД) ба додгоҳи Стокҳолм эҳзор шуданд. Гуфта мешавад, се зодаи Осиёи Марказӣ ҳамчунин ба омодагӣ барои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳи Шветсия баррасии парвандаи "сармоягузорони Давлати исломӣ"-ро аз Осиёи Марказӣ оғоз кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, шаш шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Қирғизистон, ки дар Шветсия зиндагӣ мекунанд, бо ҷурми дастгирии молии гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ИД) ба додгоҳи Стокҳолм эҳзор шуданд.

Гуфта мешавад, се зодаи Осиёи Марказӣ ҳамчунин ба омодагӣ барои ҳамлаи террористӣ дар ҳудуди Шветсия айбдор мешаванд.

Мурофиаи нахустин 7 январ баргузор шуда, дар курсии айбдорӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон Акрамҷон Эргашев, Бахтиёр Умаров, Ғулом Тоҷиев, Шоаҳмад Маҳмудов, Довуд Идриссон ва шаҳрванди Қирғизистон Отабек Абдуллоев нишастаанд.

“Се гумонбар — Абдуллоев, Идриссон ва Умаров миқдори зиёди маводи кимиёӣ ва дастгоҳҳои дигарро дарёфт ва нигаҳ дошта, мехостанд, одамонро бикушанд ва захмӣ кунанд. Агар ҳамла анҷом мешуд, ба Шветсия осеби бузурге мерасонд", – омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Ҳамаи гумонбарон аз 24 то 46 сол дошта, дар Шветсия ғайриқонунӣ зиндагӣ мекардаанд. Гумонбарон айбҳои зидди худро рад мекунанд.

Ёдрас мешавад, ки шаби 7 апрели соли 2017 шаҳрванди Ӯзбекистон Раҳмат Оқилов бо мошини боркаши дуздие анбуҳи одамонро дар маркази Стокҳолм пахш кард. Дар натиҷа чаҳор кас ҷон бохта, 15 тан захмӣ шуданд. Оқилов гуфт, ин корро бо фармони ДИ анҷом дод. Додгоҳи Шветсия моҳи июни соли 2018 ӯро якумр аз озодӣ маҳрум кард.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.