Ҷаласаи ситоди омодагӣ ба зимистони КҲФ дар ВМКБ

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки сардорони шуъбаҳои шаҳр ва ноҳияҳо, ҳамчунин воҳидҳои КҲФ дар вилоят машварати фаврӣ доир намуд. Тавре котиби матбуотии Кумита Умеда Юсуфова хабар дод, дар машварат масоили омодагии нерӯ ва воситаҳои Раёсати КҲФ дар ВМКБ ба мавсими […]

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки сардорони шуъбаҳои шаҳр ва ноҳияҳо, ҳамчунин воҳидҳои КҲФ дар вилоят машварати фаврӣ доир намуд.

Тавре котиби матбуотии Кумита Умеда Юсуфова хабар дод, дар машварат масоили омодагии нерӯ ва воситаҳои Раёсати КҲФ дар ВМКБ ба мавсими тирамоҳу зимистон, баргузории чорабиниҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷиҳати пешгирии обхезиҳои баҳорӣ баррасӣ шуданд.

Худи ҳамин рӯз аз ҷониби Агентии Оғо Хон оид ба Ҳабибат ба Раёсати Кумитаи КҲФ дар ВМКБ ду автомашинаи навъи “Нива” тақдим карда шуд.

Ин воситаи нақлиёт барои шуъбаҳои КҲФ дар ноҳияҳои Шуғнону Мурғоб пешбинӣ шуда, ба беҳбуди имконоти техникии онҳо мусоидат мекунад. Кумаки мазкур дар доираи лоиҳаи “ДИПЕКО-10” сурат гирифт.

Раиси Кумита ба шарикони байнулмилалӣ барои кумак миннатдорӣ изҳор намуда, зимнан зикр кард, ки ҳамкорӣ байни КҲФ ва чомеаи байнулмилалӣ пеш аз ҳама баҳри кумаки саривақтӣ ба аҳолии осебдида нигаронида шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.