Чӣ корҳо иҷро шуданду боз чӣ нақшаҳо дар пешанд? Ҳисоботи солонаи Рустами Эмомалӣ

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ санаи 15 январ ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт доир мегардад, ки дар он аз рушди шаҳр дар соли гузашта натиҷагирӣ ва нақшаҳо дар соли 2019 муайян карда мешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар доданд, дар ҷаласа ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ […]

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ санаи 15 январ ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт доир мегардад, ки дар он аз рушди шаҳр дар соли гузашта натиҷагирӣ ва нақшаҳо дар соли 2019 муайян карда мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар доданд, дар ҷаласа ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар пойтахт, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иқтидорҳои нави саноатӣ, иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва ҷараёни амалисозии нашаи генералии шаҳр таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар ҷаласа раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои шаҳр дар бораи корҳои иҷрошуда дар соли гузашта ва нақшаҳо дар соли равон ҳисобот медиҳанд.

Ҳамчунин дар ҷаласа баррасии ҷараёни омодагии мақомоти шаҳрдорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон низ дар назар аст.

Мувофиқи нақшаи ҳукуматдорони пойтахт, давоми солҳои 2019-2021 дар Душанбе беш аз 4 ҳазор иншооти таъиноти саноативу иҷтимоӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ, фарҳангу фароғатӣ, истироҳат ва варзишӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар иншооти саноатӣ истеҳсоли маснӯоти дӯзандагиву бофандагӣ, қаннодӣ ва таҷҳизоти маишӣ ба нақша гирифта, ба сурати умум дар онҳо зиёда аз 17 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Ғайр аз ин, дар ҷаласаи ҷамъбасти солона аз кори нақлиёти ҷамъиятӣ, бахши иҷтимоӣ, соҳаи маорифу тандурустии шаҳр дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, назди ин сохторҳо дар соли ҷорӣ вазифаҳои нав гузошта мешаванд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.